Русҳо мехоҳанд муҳоҷирон бепул воксин бигиранд

Натиҷаи як таҳқиқоти сотсиологӣ дар Русия муайян кардааст, ки наздик ба 84% русҳо ҷонибдори эмгузаронии ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд.

Тибқи як назарсанҷии Бунёди афкори ҷамъиятӣ (ФОМ), русҳо чунин мешуморанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, бояд ҳаққи эмгузаронии бепул бар зидди коронавирусро дошта бошанд. Дар натиҷаи насарсанҷӣ (84%) пурсидашудагони рус онро ҷонибдорӣ карданд, менависад Интерфакс.

Тибқи ин назарсанҷӣ, 84 % русҳо зарур шумориданд, ки барои ҳифзи саломатии аҳолии кишвар аз COVID-19 ҳатман эмгузаронии ройгон ба муҳоҷирон пиёда карда шавад. Аммо 8 % дигари русҳо муқобили эмкунии ройгон ба муҳоҷирон раъй додаанд. Ба назари онҳо шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия омадаанд ва мехоҳанд эм бигиранд, бояд маблағи воксинаро пардохт кунанд.

Мувофиқи маълумоти Бунёди афкори ҷамъиятӣ (ФОМ), боз 8% -и дигари иштирокчиёни ин тадқиқот ҳангоми назарсанҷӣ барои ибрози андеша душворӣ кашиданд.

Гуфта мешавад, ин тадқиқоти умумирусиягӣ рӯзи 23-25 ​​июли соли равон гузаронида шуд, ки дар он 1500 нафар иштирок карданд.

Қаблан дар расонаҳои русӣ гузориш шуда буд, ки дар Маскав арзиши як воя воксинаи коронавирус барои муҳоҷирони корӣ 1300-1400 рубли русӣ аст. Аммо бархе аз муҳоҷирони корӣ мегӯянд, арзиши як воя воксинро бештар аз нархи муқаррар кардаи Вазорати тандурустии ин кишвар дарёфт мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.