33.9 C
Dushanbe

Рустам аз “имтиҳон”-и Кремл гузашт?

Сафари ахири Рустами Эмомалӣ ба Маскав ва дидору мулоқотҳои вай бо роҳбарони Русия баҳсу тахминҳои зиёдеро дар байни коршиносон ба вуҷуд овардааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки раҳбарияти Русия, бахусус Владимир Путин барномаи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистонро дастгирӣ кардааст. Бештари коршиносон мутмаинанд, ки Рустам барои гирифтани “добро”, супоридани “экзамен” ва гузаштан аз “собеседований” -и Владимир Путин, кохнишини Кремлин ба Маскав рафта буд.

Як назар ба ҷараёни ин сафар ва мавзуъу масоили матраҳшуда дар он ҳар як нафари огоҳро ба ҳамчунин натиҷа мерасонад.

Инҷо чанд ба истилоҳ “нюанс”-ҳоеро метавон ба мушоҳида гирифт, ки ин сафари дар воқеъ сарнавиштсозу ҳаётӣ барои режими Душанбе ва роҳбари худкомаи он бо омодагии ҳарчи тамом ва эҳтиёти басо айёрона таҳия ва тарҳрезӣ шудааст.

Хабаргузории расмии Тоҷикистон, “Ховар” роҷеъ ба сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав дар ибтидо бо як хабари хушку мухтасар иктифо кард. Гуфт, “сафар намуданд”, тамом. На аз “корӣ” ва на аз “расмӣ” будани ин сафар зикр накард, чи расад ба онки дидору мулоқоти Рустам бо Путин ҳам дар нақшаи сафар ҷо доштааст. Аммо, баъд аз истиқболи муносибтари Рустам дар фурӯдгоҳ (муовини раиси Шӯрои Федератсиюни Русия пешвоз гирифт) ва бовар кардани онки нақшаи сафар, онгуна ки аз қабл таҳия шудааст, пеш меравад, Путин ҳам вақт ҷудо кардааст, хабарҳо бо тавсифи “расмӣ” будани он чоп шуданд. Бармеояд, ки дар Душанбе то лаҳазоти охир мутмаин набуданд, ки Путин қабул мекунад ё хайр. Барои ҳамин хабари сафари Рустам бо чунин “дақиқназарӣ” дарҷ гардид ва мабодое Путин қабулро рад мекард, “расмӣ” будани онро ҳаргиз намегуфтанд ва сир бой намедоданд ва буруз намекарданд. Чун ин бор низ Путин “ба гап нағалти”.

То чи ҳад “расмӣ” будани сафари Рустам ба Русияро адади асноди имзошуда, ки нишона ва баёнгари аҳамияти сафарҳои расмӣ аст, таъйин мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ин сафар ба ҷуз аз соядасти Рустам дар Китоби меҳмонони толори Шӯрои Федеретсиюн кадом санаду ҳуҷҷате ба имзо нарасид.

Ризоият ва “добро”-и Маскав барои ҷойгузинии Рустам дар курсии президентӣ барои Раҳмон чун обу ҳаво зарур аст. Путин то ҳамин чанд рӯзи пеш барои арзонӣ доштани ин “обу ҳаво” ба Раҳмон ҳеҷ алоиме нишон намедод.

Инҷо, инки чи шуду чи тавр шуд, киҳо ва кадом давлатҳо ва чи сабабу омилҳо боис шуданд, ки Путин дар ниҳоят розӣ ба қабули Рустам шавадро зиёд кандуков намекунем. Аммо, метавон гуфт, ки Раҳмон муваффақ шуд, тавонист, ки Путинро ба гап ғалтонад ва Рустам “добро”- ро гирифт ва аз “имтиҳон”-гузашт. Шояд ин тавр гуфтан, ки Рустам бо “селфӣ” бо Путин барои худ оянда рақам зад, ҷиддӣ натобад, вале яқинан Раҳмонро дигар касе аз онки Рустамро ба курсии худаш менишонад ва худаш ҳам ниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллатро ба кор хоҳад андохт, боздошта наметавонад.

Бахусус, ки на муддаиеву на довталабе дигар дар Тоҷикистон аз худ дарак надодааст. Фаромуз Играшев, яке аз шахсиятҳои тоза ба саҳнаи сиёсӣ воридшуда ва муддаии ошкорои курсии Раҳмон буд, ки се соли пеш, баъди ҳаводиси хунини Хоруғ дар моҳи майи 2022 дастгир ва ба ҳукми абад гирифтор шуд. Ҳеҷ неруи оппозитсионие ҳам, ки дар дохили кишвар ҳузур дошта бошад ва битавонад бо Рустам дар маъракаи интихобот шоху шона бикашад, амал намекунад. Ва он гурӯҳҳои оппозитсиони мавҷуда дар хориҷа ҳам гирифтори баҳсҳои дохилианд, чи расад ба инки дар фикри маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва рақобат бо Рустам бошанд. Афзун бар ин, дар шароите, ки Раҳмон ба ҳадафҳои худ қадам ба қадам бо устуворӣ ва итминон наздик мешавад, дар миёни нерӯҳои сиёсии мухолифи тоҷик нобоварӣ, дудастаӣ ва ихтилоф ба амал омада истодааст. Ба баёни дигар, дар ҳоле, ки мушкилоти интиқоли қудрат ва вогузории курсӣ дар қасри Миллат зоҳиран ҳал шуда ба марҳалаи поёнии худ мерасад, курсии раёсат дар байни аъзои ташкилоти умдаи мухолифин-Ҳизби наҳзати исломӣ мояи баҳсу даъвоҳо шудааст, ки бидуни шак ба суди ин режими дарозумри диктаторӣ тамом хоҳад шуд.

Баҳсҳои ахир ва низоъу даъвоҳо дар айни замон ин ташкилотро аз нав ба саҳнаи гарм кашонидааст. Ба назар мерасад, новобаста аз интихоби раис ҳамоно баҳсу даъво фурукаш намешавад. Як идда аз гурӯҳҳои мухолиф раиси тозаинтихоби ҲНИТ-ро табрик гуфта, вале гурӯҳи афроди дигар интиқод карда истодаанд.

Дар дохили худи ҳизб ҳам вазъият ҳамин тавр аст

Рахна дар таърихи фаъолияти беш аз нимқарнаи ҲНИТ солҳои қабл, аз ҷумла соҳои муқовимати низомӣ ва баъдан, баъди бозгашт ва мушорикат дар ҳаёти сиёсӣ ҳам пеш омада буд, аммо ин бор ин рахна ҷиддитар ва шикоф амиқтар мешавад. Чун ҲНИТ имрӯз, он ҷойгоҳ ва мартабае, ки он солҳо дошт надорад ва таҳаммул ва бартарафсозии шикофу рахна душвортар хоҳад буд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо ҷонибдоронаш дар Варшава гуфт, ки набояд худро вақфи корҳое кунем, ки хурду реза аст ва боястӣ инсиҷом ва иттиҳоди мо ба хотири муборизаи аслӣ ва асосӣ ҳифз шавад.

Вале тарафи дигар бовар надорад ва даъво дорад, ки бо ин тарзи фаъолият кадом самара ва натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.

Дар хилоли хабарҳои марбут ба сафари “расмӣ”-и Рустам ишора бар он шудааст, ки Рустам “бо даъват”-и роҳбарияти Русия ба Маскав рафтааст. Аммо мо дидем, ки ҳеҷ масъалае дар ҷараёни ин сафар набуд, ки бо Рустам ҳал карда бошанд.

Сохтмони бинои драмтеатри русии Душанбе ва ё Маркази кӯдакони болаёқат бо сармояи Русия? Ин ҳам дар ҳоле, ки ин масоилро бо Матвиенко ҳам суҳбат кард.

Зимнан, ин Валентина Матвиенко аст, ки аз дасти Рустам гирифту ба пеши Путин даровард ва агар шумо ба аксҳо назар афканед, хуб мебинед, ки чи тавр раисҷумҳури баъдии Тоҷикистон дар назди Путин ва Матвиенко-ҳайати комиссия “имтиҳони давлатӣ” супорида истодааст. Ва дар суҳбатҳояш ҳам аз он мегӯяд, ки таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз синфи як шуруъ мешавад. Мисле, ки Путин хабар надошта бошад. Аммо таъкиди ин нукта, ба ин маъно метавонад арзёбӣ шавад, ки Рустам тааҳҳуд месупорад ва байъат карда истодааст, ки аз синфи як бо шумо ҳастем, бечуну чаро итоати шуморо мекунем ва Путин ҳам, ки гӯё хушҳол шуду ризоият дод ва ингор Рустам ба камол расидааст, рашид шудааст, болои вай на фақат мешавад ҳисоб кард, балки мешавад такя кард.

Пас, дар ин сурат даъвати Рустам ба ҷуз аз ҳалли масъалаи “интиқоли қудрат”, ки Раҳмон солҳост Путинро илтимос мекунад, чи буда метавонад?

Аммо Рустам иҷоза гирифт, чароғи сабзаш нишон доданд, аз имтиҳон гузашт ё хайрро вақт нишон медиҳад. Агарчи мо ҳам ин эҳтимолро, ки Раҳмон тавонистааст, баъид намедонем. Зеро, маълум аст, ки  Раҳмон мехоҳад ҳанӯз, ки тану ҷонаш короӣ ва аз по науфтодааст, беш аз ин метавонад, то чанд соле дасти Рустамро дар курсӣ президентӣ “рост” кунад, ба иҷрои ин барномааш оғоз кунад. Аз ин лиҳоз метавон ҳадс зад, ки як интихоботи пеш аз муҳлат дар роҳ аст ва ҳатто агар интихобот зудрас набошад ҳам, интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурии соли 2027 зиёд дур нест.

Бо инки бигзор “добро”-и Путин таъмин ва омадани Рустам ба ҷойи Раҳмон тазмин шудааст, саволи баъдӣ ин аст, ки Рустам ояд чи хоҳад шуд? Тағйироту дигаргуние, ки бар манфиати халқи тоҷик бошад, пеш хоҳад омад? Ва ё ҳамин сиёсате, ки Раҳмон пеш бурда истодааст – ба ҷуз худаш ва оилааш – боқӣ ҳама ҳеҷ идома хоҳад кард?

Коршиносон ва огаҳони вазъияти Тоҷикистон бар ин назаранд, ки сиёсати феълӣ дар хеле аз арсаҳо ба ҳамин минвол идома пайдо хоҳад кард. Ҳеҷ сабукӣ ва нармӣ дар бархурд бо аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ ва матбуоти озод ва бахусус озодиҳои динӣ, масҷидҳо дода нахоҳад шуд. Рустам ба эҳтимоли зиёд сиёсати дурушттареро дар ин боб пеш бигирад.

Вале ба бовари бархе аз коршиносони дигар шояд ба манзури коҳиши шиддати танаффур ва норозигиҳои мардум ва ҳарчи бештар радикал шудани ҷавонҳо ва ҷилавгирӣ аз бурузи катаклизмҳои ногаҳонии иҷтимоӣ як каме тағйироти косметикӣ ба вуҷуд ояд. Масалан, ба матбуот сабукӣ дода шавад, яъне интиқод иҷозат, аммо то ба сатҳе, ки Рустам муайян мекунад. Ё шуморе аз зиндониҳо раҳо карда мешаванд, ки дар феҳристи созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун зиндониҳои сиёсӣ шинохта шудаанд. Ва ё иҷозат медиҳанд, ки дар ҷо-ҷое дар назди масҷидҳои ҷомеъ таълими динӣ дода шавад.

Аммо баъид аст, ки иҷоза барои фаъолияти аҳзоби сиёсии дигарандеш ва бахусус исломӣ дода бишавад. Ва майдони сиёсӣ барои фаъолияти аҳзоби сиёсии оппозитсионӣ мусоид хоҳад шуд. Чунки ҳамин саҳна ва ҳамин вазъу ҳол барояшон бисёр ҳам форам ва писанд аст. Шояд Рустам робитаҳо бо Иморати Исломии Афғонистон (Толибон)-ро дар тарзи дигар пеш бибарад ва ҳукумати онҳоро ба расмият бишиносад. Вале инҷо ҳатман дар доираи сиёсатҳои Русия пеш меравад, на бо майлу хоҳиши худ.

Аммо манобеъ ва корхонаҷоту тиҷоратҳои бузург ва васоили умдаи истеҳсолот ҳамоно дар монополияи Оила боқӣ хоҳад монд. Ҳадди ақал то вақте ки худи Раҳмон дар ҳаёт ҳаст, ин ҳама манобеъ ба манфиати Оила истифода ва баҳрабардорӣ мешавад.

Нашрияи “Ведомости”-и чопи Маскав, наздик ба Кремл навишт, ки мулоқоти Путин ва Эмомалӣ (нашрия Рустамро бо насабаш ном бурдааст) сахт кӯтоҳ буд. Таъкид ва ё киноя аз замони мулоқот метавонад ба ин маъно бошад, ки ҳоло барвақт аст хулоса баровардан, ки Путин Рустамро “добро” дод ва Рустам аз “имтиҳон” гузашт. Вагарна мебоист ботафсилтар гуфтугӯ мекарданд ва Путин президенти ояндаи Тоҷикистонро ба масобаи як сиёсатмадори омода ва огоҳ вориди қазоё мекард ва дар бораи дурнамои равобити кишварҳо гап мезаданд.

Вале, ба ҳар ҳол ин сафари Рустам, ки ба Маскав қабл аз ин ҳам дошт, тафовутҳо дошт. Дар болои қабри аскари номаълум гулчанбаргузорӣ, мулоқот бо роҳбарони ҳарду палатаи парлумони Русия ва ташкили сафари ӯ ба Сочӣ, бигзор бо ҳар баҳонае бошад, алоими нармиш ба қабули вай аз тарафи кохнишини Кремл аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иди Қурбон муборак бошад!

Имсол Иди Қурбон ба 6-уми июн рост омад. Фардо мусалмонони дунё ин иди бузурги солро ҷашн мегиранд.

Сахттар гардидани қонунҳо барои муҳоҷирон дар Русия

Дар Русия мехоҳанд сиёсати муҳоҷиратро боз ҳам сахттар кунанд.

Шикоятҳо аз гаронӣ дар арафи Иди Қурбон

Бо фарорасии Иди Қурбон нархи маҳсулоти хӯрока дар дукону бозорҳои кишвар гарон шудааст.

Трамп: Байни Украина ва Русия ба ин зудиҳо сулҳ шуданӣ нест

Дафтари матбуоти президенти Русия хабар дод, ки рӯзи чоршанбе, 4-уми июни соли ҷорӣ гуфтугӯи раисҷумҳурони Амрико ва Русия баргузор гашт.