31.9 C
Dushanbe

Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ё фиребгари мардум?

Бо номи шаҳрдори Душанбе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳфае вуҷуд дорад, ки ба мардумфиребӣ ва сирқати иттилооти шахсии корбарон машғул аст.

Рӯзи

Дар байни ин теъдод аз афрод ҳаводорони воқеии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ки бо ному насабҳои аслии худ саҳифа доранд ва аз сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон ва писараш ҷонибдорӣ мекунанд, низ хеле зиёданд ва баъзе аз онҳо ба таърифу тавсифу вай пародхта, вуҷуди ӯро муборак ва мояи сарфарозии худ арзёбӣ кардаанд.

Ҷолиб он ки танҳо чанд нафари ангуштшумореро метавон дар ҷамъи ин афрод дид, ки аслӣ будани ин саҳифа ва вобаста будани онро ба Рустами Эмомалӣ зери суол бурдаанд.

Аммо яке аз ин корбарон бо ибрози шакку тардид мегӯяд, агар ин саҳфа фейкӣ бошад, пас чаро худи мақомоти кишвар ва ба хусус шаҳрдори Душанбе дар бораи он чизе намегӯянд ва ё шикоят намекунанд?

Гуфта мешавад, ин саҳифае, ки мансуб ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад, то кунун беш аз даҳ бор чунин иқдомҳоеро роҳандозӣ карда, ба ин тариқ ба сирқати маълумоти шахсии мардум даст задааст.

Бо вуҷуди он ки ба ин монанд иқдомҳои маълумотдуздӣ бо усулҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон истифода мешавад, вале дар байни ин шарҳнависон дида намешавад, ки касе аз онҳо эътироз карда бошад. Инчунин касе аз ин корбарон ҳам дар бораи дарёфт кардан ва ё дарёфт накардани “тӯҳфа”-ҳои Рустами Эмомалӣ чизе нагуфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз беш аз 150 муҳоҷири тоҷик боздошт шуд

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ беш аз 150 муҳоҷири тоҷикро дар назди метрои Митинои Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд.

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ аз боздошти нафаре хабар дод, ки дар қаллобӣ ва азхудкунии пулҳои мардум бо роҳи фиреб муттаҳам мешавад.

Ҳушдори Белорус ба Ғарб: Хатти сурхро убур накунед!

Як мақомдори баландпояи низомии Белорус пас аз ҷобаҷакунии силоҳҳои ҳастаии Русия дар хоки ин кишвар ба Ғарб ҳушдор дод, ки хатти сурхро убуб накунанд.

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...