24.9 C
Dushanbe

Рустами Эмомалӣ Афғонистонро “маркази терроризм” хонд

Рустами Эмомалӣ раиси парлумони Тоҷикистон гуфт, Афғонистон бо раҳбарии Толибон дубора ба “маркази терроризм” мубаддал шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки 3-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, гуфт, ки мадрасаҳои динӣ дар Афғонистон “ҷиҳодгарони интиҳорӣ”-ро омӯзиш медиҳанд.

Рустами Эмомалӣ зимни сухнронияш дар ин нишаст аз эҷоди мадрасаҳои динӣ дар ин кишвари ҳамсоя сахт нигаронӣ карда, гуфт, ки дар Афғонистон беш аз ҳазор мадрасаи динӣ ташкил шудааст, ки бештари онҳо дар вилоятҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон қарор доранд.

Писари Эмомалӣ Раҳмон бо интиқод аз Толибон вазъияти Афғонистонро, ки ҳоло дар идораи ин гурӯҳ аст, “печида” хонда, афзуд, ки ҳеч пешрафти воқеие дар ин кишвар дида намешавад.

Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки идомаи вазъияти феълӣ дар Афғонистон паёмади бисёр харобиовареро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дунбол хоҳад дошт.

Ин нигарониҳо ва изҳороти ҷониби Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рӯзи қабл раисҷумҳури Қазоқистон – кишваре, ки нишасти СПАД онҷот доир гашт, эълом карда, ки Толибонро аз “феҳристи созмонҳои террористӣ” пок кардааст ва ин гурӯҳ дигар барои Қазоқистон – бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ хатар эҷод намекунад.

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев гуфт: “Қазоқистон бо назардошти аҳамияти рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Афғонистони муосир ва дарки он ки ин режим (Иморати исломии Афғонистон) омили дарозмуддат аст”, даст ба ин иқдом задааст.

Пеш аз Қазоқистон Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия низ эълон карда буд, ки эҳтимол дорад, ба наздикӣ Маскав гурӯҳи Толибон – режими ҳоким бар Афғонистонро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кунад.

Бархе мепурсанд, ки Русия ҳомии асосӣ ва шарики стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, эълон карда, ки бо Толибон созиш хоҳад кард ва Қазоқистон низ аз бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳам дорои иқтисоди қавӣ аллакай равобити худро бо Толибон оддӣ сохтааст, оё Тоҷикистон мавқеъгирии хасмонааш бо Толибонро тағйир медиҳад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.