13.9 C
Dushanbe

Рустами Эмомалӣ қазияи Далеру Абдуллоро зери назорат гирад

Даҳҳо нафар аз рӯзноманигорону сиёсатмадорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Раиси шаҳри Душанбе хостаанд, ки қазияи Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро зери назорати худ қарор диҳад.

16-уми июни соли 2022 журналисти шинохта ва яке аз фаолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Раҷаби Мирзо дар сафҳаи гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри як муроҷиатнома “аз шахсу шахсиятҳои мушаххас, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон ва журналистӣ, ки бо мо ҳамназаранд, имзои худро бо аломати “+” ё нишон додани ному насабу самти кориашон гузоранд.”

Дар зери ин муроҷиатнома ҳудуди 270 нафар аз раҳбарбони созмонҳои журналистӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, рӯзноманигорону сиёсатшиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ имзои худро гузошта, хитоб ба Раиси шаҳри Душанбе таъкид кардаанд, “чунин мавқеъгириҳои мақомот, ки мутмаинем аз бедалелии онҳо бармеояд, обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанберо, ки Шумо барои имиҷи мусбати он талош доред, коҳиш хоҳад ёфт.”

Дар ин муроҷиатнома гуфта шудааст, “Хабарҳое то мо расид, ки Далери Эмомалиро барои насупоридани андоз ва фирор аз масъулият, Абдуллоҳи Ғурбатиро тахминан “барои муқобилият ба намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ” гунаҳкор кардан мехоҳанд. Агар мавқеи мақомот ҳамин бошад, мо мутмаинем, ки ҳарду ҳолат дур аз воқеият аст.”

Инчунин таъкид шудааст,”Мо ба ин назарем, ки ин ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард.”

Касоне, ки зери ин муроҷиатнома имзои худро гузоштаанд, мегӯянд: “Мо гуфтан намехоҳем, ки ин ду нафар иштибоҳе дар фаъолият надоранд. Аммо вазифаи давлат ва ниҳодҳояш, ҳамон тавре медонед, танҳо аз муҷозот кардани шаҳрвандон иборат нест. Робитаи хуб, тавсияҳои барои ҷомеа муҳиму муфид ҳатман кори босифат натиҷа медиҳад.”

Ин муроҷиатнома бо қалами журналисти шинохта ва маъмури гурӯҳи “Ахбор барои афкор” Раҷаби Мирзо навишта шуда ва “аз шахсу шахсиятҳои мушаххас, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон ва журналистӣ” хоста шуда, ки зери он имзои худро гузоранд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин Радиои Озодӣ бо нашри гузорише гуфта буд, мақомот алайҳи Далери Имомалӣ бар асоси моддаҳои 259 қисми 1 “фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ” ва 346 қисми 2 банди А “дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ”-и Кодекси ҷинноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аммо “рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро бар асоси моддаи моддаи 328, қисми 1, яъне “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар донистаанд.”

Вакили дифои рӯзноманигорон Абдураҳмон Шарипов аз қавли Далери Имомалӣ гуфта, ки ӯ аз фаъолияти блогерияш фоидаи каме ба даст овардааст, аммо намедонист, ки бояд андоз супорад. Ба гуфтаи вакили дифоъ, Абдулло Ғурбатиро дар аввал раҳо карда ва баъдан бо гуноҳи дарафтодан бо милисаи назди дар дубора боздошт кардаанд. Аммо худи Ғурбатӣ ин иттиҳомро рад карда, гуфта, ки бо милиса даргир нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.