33.9 C
Dushanbe

Рустами Эмомалӣ хонаи Устод Айниро дар Душанбе хароб мекунад

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ қасд дорад хонаи Устод Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони миллии Тоҷикистонро хароб ва дар ҷои он бинои баландошиёна бисозад.

Адиби шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустам бо нашри як паёми ҳушдоромез ба шаҳрдории пойтахт гуфтааст: “Даст аз хонаи устод  Айнӣ бардоред!!! Шарматон бод!!!!  Маънои шаҳр ва шаҳрнишинӣ қатори қуттиҳои 16-у 20 табақа нест, риояти одоби шаҳрнишинӣ  ва  тамаддунофаринӣ аст……”

Шаҳрдори пойтахт бо баҳонаи тарсим ва таҳкими нақшаи генералии шаҳри Душанбе тайи 10 соли ахир қасд дорад тамоми осори боқимонда ва мероси фарҳангии бозмонда аз даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба хок яксон карда, дар ҷои онҳо гулгашт ва ё ин, ки замини онҳоро бо нархҳои осмонӣ фурӯхта, соҳибкорон биноҳои баландошиёна бисозанд.

Шаҳрдори Душанбе пеш аз ин бинои ҳукумати шаҳр, бинои театри Маяковский, хонаи собиқ президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев, фаворраҳои назди бинои парлумон ва бино Чойхонаи Роҳатро ҳам дар маркази шаҳр хароб карда буд.

Қасди тахриби хонаи Устод Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони миллии Тоҷикистон дар қалби Душанбе тавассути писари Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар вокунишҳои тундеро дар ҷомеа ба бор овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.