22.9 C
Dushanbe

Сабқати ду блогер дар Душанбе ва осеб дидани чанд тамошобин

Дар шаҳри Душанбе рӯзи якшанбе, 19-уми октябр мусобиқаи мошинронӣ миёни ду блогер, Асҳаб Тамаев аз Русия ва Исмол Ганиев аз Тоҷикистон баргузор шуд.

Наворҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки дар ҷараёни “дрифт” як қисми нишастгоҳи муваққатӣ чаппа шуда, чанд нафар тамошобин осеб дидаанд. Ҳоло маълумоти расмӣ дар бораи шумораи дақиқи осебдидагон дастрас нест.

Бар асоси наворҳо, дар маҳалли баргузории чорабинӣ кормандони хадамоти оташнишонӣ ва нозирони БДА ҳузур доштанд. Гуфта мешавад, ки барои баргузории мусобиқа инчунин беш аз 5 километр роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди “Кӯли Душанбе” барои чанд соат баста шуда буд.

Дар натиҷаи мусобиқа, блогери тоҷик Исмол Ганиев баранда гардид.

Асҳаб Тамаев ду рӯз пеш бо даъвати блогери тоҷик Исмоил Ганиев ба Тоҷикистон омад. Асҳаб Тамаев, ки бо баргузории мусобиқаҳои мошинронӣ дар фазои маҷозӣ машҳур аст ва зиёда аз 3 миллион дунболкунанда дар Инстаграм дорад, борҳо ба дӯстдорони ин намуди варзиш аз тоҷикҳо, узбекҳо ва қирғизҳо пешниҳод карда буд, ки бо ӯ мусобиқа кунанд. Ин пешниҳоди ӯ аз ҷониби Исмоил Ганиев, блогери ҷавони тоҷик қабул шуд.

Ин мусобиқа, ки ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо дастгирии мақомоти шаҳри Душанбе ташкил шуда буд, вокунишҳои гуногунро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Бархе онро як иқдоми ҷолиб барои ҷалби ҷавонон меҳисобанд, дар ҳоле, ки дигарон тартиб ва ташкили ин чорабинӣ аз сӯи мақомоти пойтахтро интиқод карданд. Ва суоле низ пайдо шудааст, ки оё пойга дар роҳҳои кишвар иҷоза ҳаст, чун мақомоти Тоҷикистон қаблан чандин нафарро барои ташкили пойга ё мусобиқаи мошинронӣ боздошту ҷарима карда буданд.

То ин дам мақомоти расмӣ дар бораи ин ҳодиса ва ҷузъиёти он изҳорот пахш накардаанд.

Чанд сол пеш низ ҳузури блогери озарбойҷонии муқими Русия Гусейн Гасанов дар Тоҷикистон сару садои зиёдеро ба бор оварда буд. Он замон ӯ бо даъвати Исмол Маҳмадзоир, набераи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омада буд. Дертар нисбати ин блогери озаритабор дар Русия бо иттиҳоми шустушӯи пул ва напардохтани андоз парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.