Мақомот ин дафъа иллати ҷорӣ шудани “лимит” ё маҳдудият дар реҷаи интиқоли нерӯи барқ ба сокинонро ба рушди босуръати иқтисодиёт дар Тоҷикистон рабт доданд.
Далер Ҷумъа, вазири энерегетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз, 1-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли гузашта 8,3 дарсад зиёд шудааст.
Ба гуфтаи вазир, қариб ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар рушд ёфта, талабот ба барқ зиёд мешавад ва яке аз сабабҳои асосии лимит зиёд будани талабот ба барқ нисбати истеҳсолот аст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Вазорати энергетикаи кишвар иттилоъ дода буд, ки дар соли гузашта 21,8 млрд кВт. соат барқ истеҳсол шудааст ва ин нисбат ба соли 2022-юм 2,2 дарсад зиёд мебошад.
Инчунин Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар зимни нишасти хабарии ниҳодаш дар нимсолаи аввали соли 2023 гуфта буд, ки дар соли 2022 “Тоҷикистон 21 миллиарду 399,5 миллион кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол намуд” ва онро баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти низоми энергетикии кишвар номида буд.
Ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ рабт додани маҳдудияти барқ дар ҳолест, ки таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) гуфтанд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон асосан аз ҳисоби савдо рушд кардааст.
Дар нишастии хабарии имрӯза вазир мисли ширкати “Барқи тоҷик” сабаби дигари лимити барқро ба тағйирёбии иқлим ва кам шудани резиши об ба дарёҳо гуфт.
Далер Ҷумъа аз борондагиҳои тирамоҳи соли гузашта ва ду моҳи зимистони имсола мисол овард. Ба ӯ, нисбат ба соли 2022 қариб боронгарӣ 95 дарсад камтар шудааст, ки ин “ба резиши об дар дарёи Вахш, ки аксари иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ дар он ҷойгир аст, таъсири манфии худро расонид”.
Намояндаи Ширкати “Барқи тоҷик” Тоҳиров Дустмурод низ дар моҳи августи соли 2023 ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки лимити барқ дар фасли тирамоҳу зимистин бевоста ба обу ҳаво ва резиши об дар маҷрои дарёи Вахш рабт дорад.
Аммо сокинони баъзе аз минтақаҳои кишвар мегӯянд, ки агар ҷорӣ шудани лимит ба камобӣ рабт дошта бошад, пас чаро дар фасли баҳору тобистон ҳам, рӯзона барои чанд соат дар хонаҳояшон барқ надоранд.
Одатан мақомдорон ҷорӣ шудани лимитро дар фасли гармо бештар ба хотири таъмир ва ё “корҳои профилактикӣ” рабт медиҳанд.
Бояд гуфт, камбуди барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, давоми 30 сол то ҳол вуҷуд дорад ва ҳанӯз ҳам ҳалли худро пайдо накардааст.
Сокинони кишвар мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ барқ истеҳсол мешавад, вале мақомдорон онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон мефурӯшанд.
Барои мисол тибқи омори худи мақомот, Тоҷикистон танҳо дар моҳи декабри соли 2023 ба маблағи беш аз 7,2 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 3,8 баробар бештар аст.
