23.9 C
Dushanbe

Садоҳое аз поёни Иттиҳоди Шӯравӣ: Муҳоҷирони ҷанубӣ дар Ленинград ва Маскав

Ҳамид Козимзода

Донишгоҳи Оттава

Китоби тозанашри доктор Ҷеф Саҳадео (Jeff Sahadeo), донишманди маъруфи Авруосиёшиноси Донишгоҳи Карлтони Канада, дар асоси ривоятҳои шифоҳии муҳоҷирони меҳнатии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар охирҳои аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия шудааст. Ин асар китоби баргузидаи Ассотсиатсияи славянистони Канада (Canadian Association of Slavists) ва аз назари гурӯҳи Тейлор ва Франсиск (Taylor and Francis Book Prize) беҳтарин асар оиди таҳқиқоти славянӣ, Аврупои Шарқӣ ва Авроосиё барои соли 2020 дониста шудааст.

Пештар, дар соли 2008 ӯ ҷоизаи беҳтарин китоби Анҷумани тадқиқоти Авруосиёи Марказӣ таҳти унвони “Ҷомеаи истеъмории Русия дар Тошканд (1865-1923) (Russian Colonial Society in Tashkent) (1865 – 1923)ро низ ба даст овардааст. Асарҳои ин муаррихи Канада ба таърихнигорӣ ва омӯзиши Иттиҳоди Шӯравии Осиёи Марказӣ таъсири бениҳоят бузург расонидаанд.

Дар асари охирини худ ӯ истидлол мекунад, ки “шабакаҳое пас аз асри истеъморӣ дар канори шаҳрсозӣ пас аз Ҷанг ва модернизм мафҳуми шаҳрҳои ҷаҳонро ба вуҷуд оварданд”, ӯ аз рушди шаҳрҳои Ленинград ва Маскавро мисол меоварад, ки дар ин ҷониб рушд карда, ба шаҳрҳои дорои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтанд.

Аслан, ин асар табиату динамикаи зиндагии муҳоҷиронро тариқи мусоҳиба бо арманиҳо, озарбойҷониҳо, бурятҳо, грҷиҳо, казокҳо, қирғизҳо, тоторҳо, тоҷикон, ӯзбекҳо ва миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ омӯхтааст. Метрополияҳои ҷамъшударо намоиш медиҳад. Ҳама мусоҳибон дар поёни даврони Шӯравӣ дар ду шаҳр зиндагӣ мекарданд ва пас аз он ҳикояҳо дар бораи “ҳаёти иҷтимоӣ ва оқибатҳои ғайричашмдошт” марбут ба муҳоҷиронро бозгӯ мекунанд.

Дар ин китоб барои анҷом додани мусоҳиба аз сарчашмаҳои зиёди бойгонӣ ва китобҳои нашршуда истифода шудааст. Дар маҷмӯъ ҳафтод мусоҳиба бо ровиёни он давра муфассал ироа шудааст. Мусоҳибон аз тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла донишҷӯён, профессорҳо, соҳибкорон, занони хонашин, муҳандисон, коргарони корхонаҳо ва дигарон буданд.

Муаллиф мегӯяд, ки гӯш додан ба инсонҳое, ки таърихро таҷриба кардаанд, барои мо пажӯҳишгароне, ки он давронро таҳқиқ мекунем, бинишҳоеро фароҳам меорад, ки вижагиҳои аслии поёни даврони Шӯравӣ мебошанд. Муҳоҷирон дар ин ду шаҳри Русия, бо вуҷуди зуҳури навъе нажодпарастӣ алайҳи онҳо пас аз поёни даврони Шӯравӣ, достонҳое аз умед ба зиндагиро ривоят мекунан. Вай инчунин аҳамияти шабакаҳои дӯстона, иттиҳодияҳои бумӣ ва ғайрирасмиро дар байни муҳоҷирон дар фаҳмидани муносибатҳои онҳо бо сокинони ду пойтахт ва инчунин ҳиссиёти онҳо нисбати ба якдигарро нишон медиҳад.

Пас аз ду боби муқаддимавӣ оид ба муносибатҳои қавмӣ ва муҳоҷират дар даврони охири подшоҳӣ ва Шӯравӣ, бобҳои 3 то 5 дар бораи таҷрибаи муҳоҷират дар охири даврони Шӯравиро инъикос мекунанд ва дар ду боби охир танҳо ба солҳои 1980 ва 90 мелодӣ бо таъкид ба ривоёти шифоҳӣ мепардозад. Боби охири китоб атрофи мавзуоте бо унвонҳои “Зиндагӣ дар ҳошияҳо”, “Таҷрибаи чаҳор соҳибкор”, “Ду зан ва ду мард аз Озарбойҷон, Қирғизистон ва Узбакистон” баррасӣ шудааст. Муаллиф моро ба таври возеҳ ва ба соддагӣ ба ҳаёти ин чаҳор нафар ва стратегияи онҳо барои кӯчидан ба ин метрополияҳое, ки аз “дӯстии мардум” дур шудаанд, мебарад. Нависанда дар ин боб инчунин нишон медиҳад, ки ин шаҳрҳо барои ин чаҳор нафар ва бисёри муҳоҷирони дигар дар солҳои 90-ум имкониятҳои наверо фароҳам оварданд, ки дар даврони Шӯравӣ ин имкониятҳо набуданд.

Аз нуқтаи назари ровиён, муҳим набуд, ки баъзе аз сокинони ин ду пойтахт то чӣ андоза дӯстона бо онҳо бархурд доштанд, балки таъкид мекунанд, ки дар набудани як ватани ягона чӣ гуна ниёзманди интизорот ва рафторҳои худ дар ин шаҳрҳои ҷаҳонӣ будаанд. Муаллиф инчунин ба мо дар мавриди равишҳои тағйири нигариши сокинон дар давраи пасошӯравӣ тасаввуроте медиҳад.

Ин китоб садоҳои мардуми Қафқозӣ ва Осиёи Марказиро дар бар мегирад, ки бо мо аз қалби калоншаҳрҳои Шӯравӣ сӯҳбат мекунанд ва аз таҷрибаи худ нақл мекунанд. Гӯё мо ба он даврон бармегардем ва садои онҳоро бодиққат мешунавем. Бешубҳа, ин яке аз беҳтарин китобҳоест, ки то имрӯз дар хусуси ривояти муҳоҷирони ғайрирус дар охири давраи Шӯравӣ ва оғози давраи истиқлолият нашр шудааст. Хондани ин таҳқиқот барои беҳтар фаҳмидани Эрони Шарқӣ ва тоҷикони Осиёи Марказӣ тавсия дода мешавад.

Ном ва мушаххасоти асосии китоб:

Voices from the Soviet Edge: Southern migrants in Leningrad and Moscow by Jeff Sahadeo, Ithaca & London, Cornell University Press, 2019, 273 pp., US $42.95 (hardback), ISBN 978-1-50-173820-3

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.