5.9 C
Dushanbe

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазон

Эмомалӣ Раҳмон дар камтар аз 20 рӯзи ахир ду бор ба Русия сафар кард, вале ин сафарҳо махсус барои ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони тоҷикистонӣ нестанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 23-юми октябри соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайат бо сафари корӣ ба шаҳри Қазони Русия рафтааст.

Ба қавли манбаъ, ҳадаф аз ин сафар иштирок кардани “Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ дар қолаби “аутрич / БРИКС плюс”, “БРИКС ва Ҷануби ҷаҳонӣ: сохтмони якҷояи ҷаҳони беҳтар” унвон шудааст, ки қарор аст, дар ҳошияи он бо бархе сарони давлатҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳад.

Ин вохӯрӣ дар қолаби “аутрич / БРИКС плюс”, “БРИКС ва Ҷануби ҷаҳонӣ: сохтмони якҷояи ҷаҳони беҳтар”, ки дирӯз, 22-юми октябр оғоз шуд, то 24-уми моҳи ҷорӣ идома меёбад.

Аммо ба сурати расмӣ то ҳол эълон нашудааст, ки дар рафти ин нишастҳои дуҷониба қарор аст Эмомалӣ Раҳмон бо киҳо мулоқот мекунад ва чӣ масъалаҳоеро мехоҳад матраҳ кунад. Оё дар рӯзномаи кории Эмомалӣ Раҳмон баррасии масоили муҳоҷират ва ҳаллу фасали мукшилоти муҳоҷирони кишвар дар Русия вуҷуд дорад ё на, низ чизе гуфта нашудааст.

Пеш аз ин охирин сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия 7-уми моҳи ҷорӣ сурат гирифта буд. Ҳадаф аз он сафари Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскав буд.

Пас аз ҳодисаҳои хунини Маскав, ки ибтидои соли ҷорӣ сурат гирифт, мақомоти Русия даҳҳо нафарро боздошту ба ҳабс гирифтанд ва дар байни онҳо чанде аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ низ ҳузур доштанд. Аз он замон то ҳол муносибати мақомоти Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон хеле бад шуда, нафарони зиёдеро ҳангоми сафар тавҳину таҳқир ва соатҳои тӯлонӣ дар фурӯдгоҳҳо мавриди озору азият қарор доданд ва ин амр то ҳол дар хеле аз фурӯдгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ нисбатан кам ҳам шуда бошад, вале ҳоло ҳам идома дорад.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои қаблии худ ба Русия бо мақомоти ин кишвар дар бораи ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони тоҷикистонӣ гуфтугӯ надошт. Ва ин дафъа низ ба сурати расмӣ эълон нашудааст, ки расиҷумҳур бо мақомоти Русия ин масъаларо ба миён мегузорад ё на?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Орзуи бозигарии минтақа дар ҷомаи “ҳомии тоҷикони ҷаҳон”

Бо сарнагун шудани ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон мақомоти Тоҷикистон мавқеи шадид ва оштинопазири худро бар зидди ҳукумати Толибон эълон карданд.

Консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғ баста шуд

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон баста шудааст.

Як паноҳҷӯ аз Фаронса ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

Паноҳҷӯи тоҷик Парвиз Зоиров, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз Фаронса ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба сабаби туман парвозҳо аз фурӯдгоҳи Душанбе боздошта шуданд

Парвози ҳавопаймоҳо дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири номусоид будани обу ҳаво муваққатан боздошта шуданд.