11.9 C
Dushanbe

Сафари фиристодаи Трамп ба Маскав ва дидор бо Путин

Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ намояндаи махсуси президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Виткофф ба Маскав сафар кард.

Ба иттилои расонаҳо, ин аллакай панҷумин сафари Виткофф ба Русия дар соли 2025 мебошад. Гуфта мешавад, фиристодаи Трамп имрӯз бо Путин дар Маскав мулоқот кардааст.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои поён додани ҷанг бо Украина то 8-уми август муҳлат дода буд ва то анҷоми ин муҳлат танҳо ду рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Мувофиқи изҳороти Трамп, агар то 8-уми август амалиёти низомии Русия дар Украина ба поён расонида нашавад ва оатшбас сурат нагирад, Вашингтон зидди Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ карда ва боҷи гумрукиро нисбати кишварҳое, ки нафти Русияро мехаранд, баланд хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки Трамп пас аз ҷамъбасти музокироти Виткофф дар Москав тасмими ниҳояшро эълон хоҳад кард.

То ҳанӯз Владимир Путин расман ба зарбулаҷали Трамп посух надодааст. Аммо рӯзи 1-уми август дар як изҳороте гуфт, ки Русия ҷонибдори “сулҳи пойдор” аст, вале ҳадафҳои худ дар ҷангро тағйир надодааст. Маскав барои ба даст омадани оташбас низ шартҳои худро дорад. Аз ҷумлаи шартҳояш ин аст, ки Киев чор минтақаи Украина — Донетск, Луганск, Запорожйе ва Херсонро, ки Русия соли 2022 якҷониба ишғол карда буд, расман ҷузъи қаламрави Русия эътироф кунад.

Хабаргузории “Reuters” бо такя ба манобеаш аз Кремл хабар дод, ки Москав омода аст пас аз пурра ишғол кардани ҳамаи ин чор минтақа музокироти сулҳро оғоз кунад. Ҳамзамон “Bloomberg” аз як манбаи худ хабар медиҳад, ки Кремл шояд ба хотири рӯ ба рӯ нашудан бо фишорҳои ИМА, ба оташбаси ҳавоӣ (манъ кардани ҳамлаҳои ҳавоӣ), вале на заминӣ розӣ шавад.

Кремл мулоқоти Виткоффро “муҳим ва судманд” арзёбӣ кардааст, аммо таҳлилгарон бар ин назаранд, ки эҳтимоли расидан ба созишномаи сулҳ дар кӯтоҳмуддат хеле кам аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.