Сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу рӯзи якшанбе (22 ноябр) бо як сафари пинҳонӣ ва эъломнашуда ба Арабистони Саудӣ сафар кард. Хабари ин сафарро расонаҳои Исроил субҳи рӯзи душанбе (23 ноябр) эълон кардаанд.
Дар ҷараёни ин сафар Натанёҳу бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ва котиби давлатии ИМА Майк Пампео мулоқот кард.
Гуфта мешавад, ки раиси созмони истихборотии Исроил (Моссад) Коэн Ёсӣ низ Натанёҳуро дар ин сафар ҳамроҳӣ кардааст.
Аммо дафтари матбуоти нахуствазири Исроил аз шарҳи ин сафар ва мулоқот бо сарони Саудӣ худдорӣ кардааст.
Бино ба навиштаи шабакаи “Ал-Ҷазира” вазири маорифи Исроил Ёав Галант тасдиқ кард, ки сарвазир Бинёмин Натанёҳу рӯзи якшанбе ҳангоми сафари махфӣ ба Арабистони Саудӣ бо ҳузури раҳбари (Моссад) Коэн Ёси бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео мулоқот кард.
Дар ҳамин ҳол, Исҳоқ Леванон, сафири собиқи Исроил ва коршинос дар умури Ховари Миёна гуфт, ки мулоқотҳои мақомоти Арабистони Саудӣ ва Исроил чанд вақт аст, ки идома доранд.
Ал-Ҷазира аз қавли Леванон менависад, ки сафари Натанёҳу ба Арабистони Саудӣ ҷои ҳайрат надорад, чун мақомоти Саудӣ пештар ҳам бо раҳбари (Моссад) Коэн Ёси муносибату тамосҳое доштаанд.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Арабистони Саудӣ ва мақомоти ин кишвар аз сафари сарвазири Исроил ба ин кишвар хабаре нашр накардаанд.
Бино ба иттилои Ал-Ҷазира, ин дидори Бинёмин Натанёҳу бо валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон бори аввал набуда, балки қаблан ҳам вохӯриҳо доштаанд.
Чандест Исроил мекӯшад, ки ба кишварҳои арабӣ наздиктар шавад. Оддисозиву аз сар гирифтани муносибатҳои Исроил бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн натиҷаи ҳамин кӯшишҳои ӯст.
Гуфта мешавад, ки кишварҳои арабии Халиҷи Форс барои муқовимат бо хатарҳои фаъолияти Эрон ба наздикшавии сиёсӣ бо Исроил розӣ шуданд.
Арабистони Саудӣ то ҳол расман дар бораи ба эътидол овардани муносибатҳояш бо Исроил ошкоро чизе нагуфтааст. Вале осмони худро барои парвозҳои Исроил боз кардааст.