23.9 C
Dushanbe

Сафари Раҳмон ба Маскав ва дархости Иззат Аммон аз ӯ барои мулоқот

Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳури Тоҷикистон якҷо бо ёрдамчии худ дар умури равобити хориҷӣ ва вазири дифои кишвар ҷиҳати иштирок дар маросими таҷлил аз 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Ҷаҳонии дуввум вориди Маскав шудааст.

Ин нахустин сафари хориҷии Раҳмон дар марҳалаи пас аз корона дар кишвар мебошад. Барномаи сафари Раҳмон ба Маскав эълон нашудааст. Аммо дар арафаи сафари ӯ бархе аз мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик аз ӯ хостаанд,ки бо эшон мулоқот дошта бошад.

Иззат Амон, раиси «Маркази Тоҷикон”, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, дар як муроҷитаномаи видеоӣ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки зимни сафари навбатиаш ба Русия бо намояндагони «Маркази Тоҷикистон” низ мулоқот кунад. Иззат Амон гуфт, албатта, дар ҳар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав барои ӯ мулоқот бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Русияро ташкил мекунанд. Вале ба ақидаи ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ба ин мулоқотҳо бо президент маъмулан одамони серу пури бепарво нисбат ба тақдири муҳоҷирон даъват мешаванд ва ин мулоқотҳо ба маҳфили навбатии ҳамду сано хондан бо ягон рақсу консерт табдил меёбанд.

Ӯ мегӯяд: «Инҳое, ки дар ин мулоқотҳо бо шумо иштирок мекунанд, ҳеҷ робита ва рабте бо муҳоҷирон надоранд. Ин мардум ба ҷуз аз таърифкунӣ чизи дигаре ба самъи шумо намерасонанд. Мо мехоҳем сухани ҳақ ва воқеиятро ба шумо расонем, ки албатта, воқеият пур аз дарду алам аст. Муҳтарам раисиҷумҳур! Аз шумо ҳамчун як тоҷик, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчун як бародари кӯчаки шумо хоҳиш мекунам, ки 5 ё 10 дақиқа вақти худатонро ҷудо кунед барои вохӯрӣ бо муҳоҷирони воқеӣ! На бо он муҳоҷирони дурӯғине, ки бо галстукҳои кулуфт меоянд назди шумо ва шурӯъ мекунанд ба таърифу тавсифи шумо! Таърифу тавсифи шумо ҷои худашро дорад. Хидматҳои шумо барои миллат ва мардум маълум аст. Вале мушкил зиёд аст, аммо он мардуме, ки дар атрофи шумо ҷамъ мешаванд, авлотар медонанд, ки хомӯш бошанд ва ҳамааш аз муваффақият суҳбат кунанд.”

Иззат Амон изҳори умед кард, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни боздидаш аз Маскав 5-10 дақиқа вақти худро барои суҳбат бо муҳоҷирони ба таъбири вай, воқеӣ, ки солҳо дур аз ватану дур аз зану фарзанд дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва таъмини пешрафти иқтисоди кишварро бар дӯш доранд, пайдо хоҳад кард. Иззат Амон умедвор аст, ки масъулони давлат ин паёми вайро ба президент Эмомалӣ Раҳмон мерасонанд. Бо ин ҳол гузашти низомӣ дар шаҳри Маскав рӯзи 24-уми июн сурат мегирад, чун онро ба далели густариши коронавируси нав аз 9-уми май ба таъхир андохтанд. Дар ин гузашти низомӣ шуморе аз афсар ва сарбозони Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ ширкат  хоҳанд кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.