19.9 C
Dushanbe

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Русия ва дидор бо Путин

Рустами Эмомалӣ рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ барои мулоқот бо Путин ва анҷоми сафари расмӣ ба Маскав рафт.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки Рустами Эмомалӣ, пирсари раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон мақоми раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ҳам ба ӯ дода шудааст, имрӯз вориди шаҳри Маскав шуд. 

Бино ба гузоришҳо, қарор аст Рустами Эмомалӣ дар доираи ин сафараш бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқоту гуфтугӯ кунад.

Мақомоти расмӣ ҷузъиёти зиёдеро дар бораи ҳадафҳои мушаххаси ин сафар ва масъалаҳое, ки дар дидор бо Путин баррасӣ хоҳанд шуд, ироа накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки маъмулан муҳоҷирон аз сафарҳои мансабдорони баландпояи тоҷик ба Маскав ва мулоқот бо раҳбарияти Русия, ки шарики стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, натиҷаҳои малмусро интизор доранд.

Гуфта мешавад, дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Внуково-2-и шаҳри Маскав Рустамро муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтаанд.

Тибқи иттилои расонаҳо, дар ин сафар раиси Маҷлиси миллиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва чанди дигаре аз мақомдорон ҳамроҳӣ мекунанд. Аммо таркиби пурраи ҳайат ва ҳазинаҳои ин сафар – тибқи маъмул – барои умум дастрас нест.

Ин бори аввал аст, ки Рустами Эмомалӣ маҳз барои мулоқот бо Путин ба Русия сафар мекунад. Ба назари таҳлилгарон, ин сафари ӯ метавонад далели наздик шудани замони интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистон бошад. Ба гуфтаи онҳо, Рустам барои ба даст овардани ризояти Путин ва чароғи сабз гирифтану доштани ҳимояти ӯ ба Маскав рафтааст.

Сафари Рустам ба Русия дар ҳолест, ки ӯ 11-уми апрели соли ҷорӣ барои бори дувум раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – палатаи болоии порлумон интихоб шуд.

Тибқи Сарқонуни кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ шахси дувум дар Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сурати истеъфо, марг, беморӣ ё аз салоҳиятҳои худ даст кашидани президент, то замони интихобот ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент дар кишвар хоҳад буд.

Мунтақидони режими имрӯзаи Тоҷикистон дар вазифаҳои калидӣ кор кардани ӯро ба эҳтимоли интиқоли қудрат аз падар ба писар рабт медидиҳанд ва ин эҳтимол солҳо боз дар кишвар матраҳ аст.

Инчунин коршиносон ҳама боздошту қатли дигарандешон дар 10 соли ахирро маҳз ба “фароҳам кардани шароити мусоид” барои интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Илон Маск аз сиёсат рафт

Миллиардер ва муассиси ширкатҳои маъруфи "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск аз мақоми мушовири махсуси ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп расман истеъфо дод.

Санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон

Имрӯз, 29-уми май, бо сафари расмӣ ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба Тоҷикистон омад.

Шикоят аз роҳҳои хароби Душанбе

Як сокини пойтахт аз вазъи нохуби роҳи мошингарди назди Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе шикоят кардааст.

Ғазза қатлгоҳи рӯзноманигорон шудааст

Ба иттилои расонаҳо, шаби гузашта дар як ҳамлаи шадиди ҳавоии Исроил ба Ғазза рӯзноманигори фаластинӣ Муътаз Муҳаммад Раҷаб кушта шуд.