Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе шуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикисон, Мирзиёевро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифта ва баъдан то қасри раёсатҷумҳурӣ ӯро ҳамроҳӣ кардааст. Пешвози расмии Мирзиёев дар “Қасри миллат” баргузор шуд.

Гуфта мешавад, сафари раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад кард. Интизор меравад, дар ин сафар раҳбарони ду кишвари ҳамсоя созишномаҳои навро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва дигар масоили марбут ба муносибатҳои дуҷониба ба имзо расонанд.

Ёдовра мешавем, ки ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Узбекистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Бахтиёр Саидов хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, меҳвари асосии гуфтугӯи ду вазир баррасии масъалаҳои марбут ба омодагии сафари давлатии президенти Узбекистон ба Тоҷикистон буд, вале ин ниҳод торихи дақиқи сафари Мирзиёев ба Тоҷикистонро зикр накарда буд.

Баъдан хабаргузории “Asia Plus” аз қавли сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон хабар дод, ки сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 18 ва 19-уми апрели соли ҷорӣ сурат мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.