21.9 C
Dushanbe

Сафари вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон

Вазири дифои Эрон дар раъси як ҳайати боломақоми кишвараш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи 17-уми октябри соли 2023 дар раъси як ҳайати воломақоми кишвараш ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба қавли манбаъ, Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ зимни ин сафари худ ба Тоҷикистон бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дидор ва дар бораи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гуфтугӯ хоҳад кард.

Хабаргузории нимарасмии “Таснимнюс” гуфтааст, ки вазири дифои Эрон дар ҷараёни ин сафари худ ба Тоҷикистон аз корхонаи тавлиди “Абобил -2”, ки соле пеш дар Тоҷикистон сохта шуда буд, низ дидан хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ин сафари вазири дифои Эрон дар ҳоле ба Тоҷикистон анҷом мешавад, ки ҷанг дар Фаластин ва ҳамлаҳои вайрангари Исроил ба Навори Ғазза на танҳо кишварҳои минтақа, балки тамоми абарқудратҳои дунёро нигарон кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар аввали ҳафтаи гузашта бидуни ном бурдан аз Фаластин ва Исроил бо нашри як изҳорот “аз муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна” изҳори нигаронӣ карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бонки ҷаҳонӣ механизми нави сарфи маблағро ба Тоҷикистон ироа кард

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ як механизми нави молиявиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳадафаш вокуниши босуръат ба ҳолатҳои фавқулода ва буҳронҳо мебошад.

Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони Русия коҳиш ёфтааст?

Вазорати корҳои дохилии Русия аз коҳиши ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирони корӣ хабар дод.

Наҷот ёфтани як нафар аз худкушӣ тавассути хонандаи мактаб

Дар шаҳри Душанбе як духтари ҷавон бо қасди худкушӣ худро ба дарё андохт, вале тавассути як хонандаи мактаб аз марг наҷот ёфт.

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.