14.9 C
Dushanbe

Сафи муҳоҷирони кории тоҷик кам шудааст ё сафи кӯч бастан ба Русия афзоиш ёфтааст?

Бо вуҷуди кӯч бастани бештар аз ним миллион атбои Тоҷкистон танҳо ба Русия, Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор яке аз дастовардҳои ҳукуматашро дар ба кор таъмин кардани 80 дарсад ба қавле собиқ муҳоҷирони кории тоҷик донист.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш гуфт, ки дар соли 2020 бо сабаби баста будани роҳҳо ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ба хориҷ раванд. Ба иддаои Раҳмон, аз 460 ҳазор муҳоҷири тоҷик танҳо 111 ҳазори онҳо тавонистанд барои кор ба хориҷ бираванд. Чунин вазъ нишон медиҳад, ки дар дохили кишвар метавон муҳоҷиронро дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ ба кор таъмин кард.

Аммо чаро бо вуҷуди оморҳое, ки пайваста аз сӯи мақомоти Русия интишор шудаву акси ҳолро нишон медиҳанд, Эмомалӣ Раҳмон боз мехоҳад адади муҳоҷирони кориро ки иҷборан ҳамасола тарки кишвар мекунанд кам нишон бидиҳад.

Даъвои кам шудани муҳоҷират аз сӯи Президент дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳанӯз моҳи майи соли гузашта “Интерфакс” бо такя ба хадамоти матбуотии хадамоти марзбонии ФСБ-и Русия гузориш дода буд, ки, аз Тоҷикистон теъдоди воридшавандагон ба Русия 371 ҳазор нафарро танҳо аз моҳи январ то марти 2020 ташкил додааст.

Аммо тақрибан пас аз нӯҳ моҳи нашри ин омор Эмомалӣ Рамҳон мегӯяд, ки танҳо 111 ҳазор муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Русия рафтаанд. Ва адади умумии онҳоро низ 460 ҳазор мегӯяд.

Достони кам нишон додани муҳоҷирон аз сӯи Раҳмон ҳанӯз дар соли 2019 оғоз ёфта аст. Ӯ чунин як иддаоро дар вохурӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин моҳи апрели соли 2019 низ карда буд.

Он замон Президент шумори муҳоҷирони кории тоҷикро 480 ҳазор нафар рақам зад. Ва аз коҳиш ёфтани сафари муҳоҷирон ба ҳаҷми 50 дарсад нисбати баландтарин ҳаҷми муҳоҷирон дар даҳсолаи охир, ки зиёда аз 1 миллион будааст, ишора кард. Дар ҳамин вохурӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт, Владимир Путин адади шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор гуфт.

Аммо пас аз он ҳам омори Рамҳонов тағйир накард ва бо вуҷуди ин ҳама ӯ болои коҳиш ёфтани муҳоҷират пофишорӣ мекунад.

Соли 2019 коршиносони рус шумори муҳоҷирони тоҷики дар Русиябударо аз ҳад зиёд гуфта буданд. Дар ҳамин ҳол торнамои “Регнюм” моҳи май матлабе дар бораи муҳоҷирон нашр карда буд. Регнюм аз қавли коршинос, профессори Донишгоҳи Аврупо дар шаҳри Санкт-Петербург, Сергей Абашин теъдоди муҳоҷирони тоҷикистониро дар моҳи апрели соли 2019 1 млн 255 ҳазор гуфта буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қарор байни Тоҷикистону Русия шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар як вақт шаҳрвандии ин ду кишварро дошта бошанд. Ҳоло бештар аз ним милион шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи русиро соҳиб гаштаанд, ки онҳо дигар дар Русия муҳоҷир маҳсуб намешаванд. Ва маълум нест, ки Рамҳон рафтани ин адади зиёди тоҷикистониёнро аз кишвар дастовард медонад ё хайр.

Мувофиқи омори коршиносони мустақил адади тоҷикистониён дар Русия бештар аз 2 миллион аст. Дар баробари ин шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи кор роҳи муҳоҷиратро ба сӯи кишварҳои дигар низ пеш гирифтаанд.

Ҳамин тавр Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон оморҳои дигарро ироъа мекунад. Тибқи омори ин ниҳод дар давоми соли 2020 – 740,2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистонро тарк кард, ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2019, 1 миллиону 517 ҳазор ё 67,2% камтар аст.

Ҷуғрофияи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби агентӣ дақиқ гуфта нашудааст. Аммо пушида нест, аксари сафарҳои тоҷкистониён ба Русия сурат мегирад. Ва ҳамин тоза расонаҳои русӣ хабар доданд, танҳо дар соли 2020, 63, 400 нафари дигар аз Тоҷикситон шиноснамаи русиро соҳиб шуданд. Ин қариб нисфи адади муҳоҷиронест, ки Раҳмон даъво дорад имсол ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Муҳоҷироне, ки воқеъан натавонистанд имсол ба Русия сафар кунанд дар чи ҳоланд ва воқеъан чуноне Президент даъво кард, бо кор таъминанд?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.