13.9 C
Dushanbe

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дунболи ҷалби сармоя аст ё таъмини амният?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон талош дорад бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳо ва ҷалби сармояву густариши таҷорат байни Эрону Тоҷикистон бо намояндагони баландмақоми ин кишвар дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.

Дар семоҳаи ахири сафири Тоҷикистон дар Эрон ҷаноби Низомиддин Зоҳидӣ даҳҳо дидору мулоқот бо раҳбарони баланмақоми Ҷумҳурии исломӣ дошта, ки охиранаш дидори ӯ бо устондори Ҳурмузгон будааст.

Дар ахбор ва баёнияҳое, ки расман тавассути сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва ё расонаҳои маҳаллӣ дар Эрон нашр шудааст, ду ҳадафи асосӣ дар ин дидору мулоқотҳо барҷасата менамояд, ки яке ҳамкориҳо барои таъмини суботу амният ва дигаре ҷалби сармоя ва рустариши таҷорат байни ду кишвар ба ҳисоб мераванд.

Ҷаноби Зоҳидӣ, ки дар гузашта дар мақоми муовини Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳам ифои вазифа карда буд, соли 2019 ба ин симат гумошта шуд. Он ҳам замоне, ки муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мароҳили хеле сарди равобити сиёсӣ байни ду кишварро таҷриба мекарданд.

Тоҷикистон пайваста Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз мухолифин ва даст доштан дар ҷангҳои таҳмилии солҳои 1993-1997 ва сипас дар қатлҳои занҷиравии донишмандон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ кардаву Эрон бо лаҳни хеле нарм ин иддаъоҳоро рад ва ё дар хеле мавридҳои дигар сукутро интихоб кардааст.

Оғози сардии равобит байни Тоҷикистону Эрон ба солҳои 2013-2014 бар мегардад. Замоне, ки Бобаки Занҷонӣ, милярдери эронӣ дар Тоҷикистон солҳо сармоягузорӣ кардаву судашро ногирифта, наздик ба 2,5 миллиард долларашро дар Тоҷикистон аз даст дод ва сипас дар Эрон боздошт ва дар Теҳрон зиндонӣ шуд.

Соли 2015 Тоҷикистон фаъолияти дафтари Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, Ройзании фарҳангӣ, Утоқи тиҷорат ва бозаргонии Эронро дар қаламрави кишвар қатъ кард. Баъдтар ба баҳонаи мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо раҳбари Эрон Алии Хоманаӣ дар Теҳрон ин қатъи робитаҳо ба ҷанги сарди яктарафаи Тоҷикистон алайҳи Эрон шиддат гирифт ва то чанд моҳе пеш ҳам тариқи расонаҳои расмии Тоҷикистон ин ҳамлаҳо идома дошт.

Аз ҷониби дигар сафири пешини Тоҷикистон дар Эрон ҷаноби Неъматулло Эмомзода дар солҳои 2015-2017 барои мутақоид кардани раҳбарони Ҷумҳурии исломӣ ва бадном кардани мухолифин ва бахусус раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон силсила мулоқотҳоеро бо пешвоёни мазҳабии Эрон баргузор карда, талош мекард, то ҲНИТ-ро барои онҳо ҳамтароз ва ҳамкеши ДИИШ муаррифӣ намояд ва ин кори худ то ҷое муваффақ ҳам буд.

Таҳдидҳои мақомоти расмӣ тавассути расонаҳо ва лоббигарии сафири пешини кишварамон дар Теҳрон аз роҳи тағзияи маълумоти нодуруст ба пешвоёни мазҳабӣ ва таблиғот алайҳи мухолифини Эмомалӣ Раҳмон ду омили таъсиргузоре буд, ки Ҷумҳурии исломӣ дар бораи ҳузури раҳбарони ҲНИТ дар ин кишвар таҷдиди назар кунад.

Бинобар ин, барои паст кардани шиддати ин ҳамлаҳо ва ҷангҳои сарди яктарафаи ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон алайҳи Ҷумҳурии исломӣ дар баробар Эрон кӯтоҳ омад ва хеле аз раҳбарони Наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ин ҳизб ба он кишвар панаҳ бурда буданд, маҷбур шуд аз хокаш берун кунад.

Аммо дар моҳи сентябр ва пас аз сафари расмии Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ва имзои тафоҳумнома ва созишномаҳои ҷадид вазъи равобити ду кишвар нисбатан тағйир кард. Мақомоти расмӣ дар Душанбе ҳоло талош доранд, ки хеле аз равобити яхбастаи шаш соли гузаштаро об карда, бо ҳар роҳе бошад, зарари онҳоро ҷуброн кунанд.  

Аммо бо ин вуҷуд, фаъолтар шудани сафири кунунии кишварамон дар Эрон ва афзоиш додани дидору мулоқотҳо бо раҳбарони воломақоми ин кишвар ҳамоно ҳамааш барои ҷалби сармоя ва эътимод ҳосил кардан барои хуб шудани равобити сиёсӣ нест, балки баъд аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон хатари таҳдидҳои эҳтимолиро дар Тоҷикистон бештар эҳсос мекунанд ва мақомоти Душанбе ҳоло ҳам бар ин боваранд, ки мақомоти расмии Теҳрон аз мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекунанд ва дар сурати надоштани равобити хуб ва иттилооти кофӣ ҳар лаҳза метавонад ин кишвари “дӯст” ба “душман”-и ба ҳама маълум табдил шуда, як хатари дигаре манофеи онҳоро таҳдид кунад.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв, 04-11-2021 Варшава

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.