8.9 C
Dushanbe

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хунукназарии кормандонашро рад мекунад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 сентябр, пас аз як рӯзи ҳодисаи лату кӯб шудани кормандонаш зимни як гузориши расмӣ оиди ҷузъиёти он изҳорот пахш кард.

Дар изҳороти сафорати Тоҷикистон гуфта шудааст, ба кормандони сафорат ҳангоми ба руйхат гирифтани шаҳрвандоне, ки аз Русия ба Тоҷикистон сафар мекунанд, ҳамла сурат гирифтааст, ки ҳамлагар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дастгир карда шуд.

Сабаби мавриди лату кӯб қарор гирифтани кормандони сафоратро расонаҳо дар муомилаи дағалона кормандон гуфта буданд, ки худи масъулони сафорат дуруштмуомилагии кормандонашро рад мекунад.

“Азия Плюс” бо такя ба як манбаи наздик ба сафорат хабар дода буд, ки  шахсони гумонбар дар ин кор зодагони Вилояти мухтори куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будаанд, ки далели ин корро дар вақти пурсиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муносибати ғайриҳирфавии масъулони қабули шаҳрвандони сафорат гуфта буданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 сентябр ду корманди бахши қабули шаҳрвандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав мавриди лату кӯб қарор гирифтанд.

Қаблан расонаҳои Русия хабар доданд, ки як мутахассиси пешбар ва ронандаи сафорат, ки масунияти дипломатӣ надоштанд, мавриди ҳамла қарор гирифта, бинӣ ва ангушти дасти мутахассиси сафорат шикаста, косахонаи сараш осеб дидааст ва мағзи сараш ҷунбидааст.

Шабакаи телевизионии РЕН ТВ аз қавли як манбааш хабар дода буд,  ки вақте кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса омадаанд, як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро ба ҳамчун гумонбар дастгир карданд.

Аз  рӯйи ин ҳодиса шуъбаи пулиси Пресненскии Маскав пурсуҷӯ кардааст ва нисбати шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ин бори аввал аст, ки дар Русия кормандони сафоратро лату кӯб менамоянд, чанде қабл шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири роҳ наёфтан ба парвозҳои четерӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар назди сафорат ҷамъ омада буданд ва иддао мекарданд, ки намояндагони сафорат маблағҳои барзиёд гирифта билетҳоро ба дигарон мефурӯшанд, нафарони бемор ва занҳои кӯдакдорро дар кӯча гузоштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошт ва раҳоии писари рӯзноманигор Зафар Сӯфӣ дар Арманистон

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафари Сӯфӣ, ки дар Арманистон дастгир шуда буд, озод шудааст.

Роҳбари синф аз сафари ҳаҷаш нақл кард, аз масъулият ронда шуд

Бо фармони махсуси раиси ноҳияи Шаҳринав Абдулқодир Вализода муаллимоне, ки ҳаҷ карда буданд, аз масъулияти роҳбари синфӣ ронда шуданд.

Тақдири садҳо зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ номуайян аст

Бинобар иттилои расмӣ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тақрибан 250–300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд.

Иштироки тоҷикони Литва дар ҷашни “Рӯзи нон”

Ҷамъияти тоҷикони Литва бори дуввум аст, ки дар ҷашни анъанавии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, "Рӯзи нон" фаъолона иштирок мекунанд.