30.9 C
Dushanbe

Сахттар шудани назорат дар марзҳои Олмон

Ҳукумати Олмон эълон кард, ки аз 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар тамоми марзҳои заминиаш назоратро сахттар мекунад.

Бино ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Олмон Нэнси Фезер, ин тадбир барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи амнияти дохилӣ аз ифротгароӣ равона шудааст.

Мақомоти Олмон аз қарори наваш Комиссиюни Аврупоро огоҳ кардааст, ки давоми шаш моҳи оянда дар марзҳои Олмон бо Фаронса, Люксембург, Нидерландия, Белгия ва Дания истгоҳҳои сайёри пулис мегузорад ва дар доираи санҷишҳо пулис ҳақ дорад, ки қарори манъи вуруд ба Олмонро ҳам содир кунад.

Дар ҳамин ҳол Герҳард Карнер, вазири умури дохилии Австрия гуфтааст, Вена муҳоҷиронеро ки аз марз бо Олмон гардонида мешаванд, қабул намекунад.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи октябри соли гузашта Олмон ба далели афзоиши дархостҳои паноҳандагӣ назорат дар марзҳояш бо Лаҳистон, Чехия ва Швейтсарияро шадидтар карда буд.

Тасмими сахттар кардани назорат дар дигар марзҳояшро мақомоти Олмон дар пасманзари нигарониҳои афзояндаи ҷомеа ва ҳамлаи маргбори ахири як паноҳҷӯ дар Солинген гирифтааст. Дар натиҷаи ин ҳамла се нафар кушта ва ҳашт каси дигар маҷруҳ шуда буданд.

Инчунин тибқи оморҳои расмӣ, аз 380 ҳазор ҳолати вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон ба кишвраҳои узви созишномаи Шенген, 266 ҳазор ҳолаташ ба Олмон рост меояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.