26.9 C
Dushanbe

Сайид Шамс ба Тоҷикистон истирдод шуд

Мақоқомоти Русия фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Сайид Шамсро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Дар ин бора пойгоҳии хабарии “Бомдод” дар истинод ба дӯстону наздикони ин фаъоли тоҷик хабар додааст.

Бино ба иттилои манобеи “Бомдод”, Сайид Шамсро аллакай аз Русия ба Душанбе ихроҷ карда, ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд ва то ҳол маълум нест, ки ӯ дар дасти кист ва ба чӣ айбе муттаҳам мешавад.

Мақомоти Русия ва Тоҷикистон то ҳол дар ин бора шарҳ надодаанд.

Дӯстони ин фаъоли тоҷик мегӯянд, ки мақомот ӯро метавонанд барои изҳори назарҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз мақомоти кунунии Тоҷикистон дар масоили мухталиф танқид ва ба ислоҳоти ҷиддии сохтори давлат ва муборизаи беамон бо коррупсия даъват мекард, равонаи зиндон кунанд.

Гуфта мешавад, мушкили Сайид Шамс бо мақомоти амниятии Русия чанд сол боз идома дошт ва ӯ дар ин байн чанд дафъа, аз ҷумла дар соли 2019 ва дар аввали соли 2022 низ боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ки Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) ӯро ба нақзи қонунҳои Русия ҳангоми  гирифтани ҳаққи иқомат дар ин кишвар айбдор мекунад.  

Дар гузашта мақомоти рус бо иттиҳомҳои ба ин монанд, чанд фаъоли дигари тоҷик, аз ҷумла Каромат Шарипов ва Иззат Амонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда, ба Тоҷикистон фиристода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расидааст.

Мақомоти тоҷик аз боздоштҳои муҳоҷирон ба сафири Русия гила карданд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо сафири Русия аз боздоштҳои оммавии муҳоҷирон, ки тавассути мақомоти рус анҷом дода мешавад, изҳори нигоронӣ кардааст.