Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, ки дар Русия боздошт ва сипас ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, аз зиндон озод шудааст. Акс: Интернет Сайид Шамс, фаъоли ҷомеаи мадании тоҷик, ки августи соли 2022 дар Русия боздошт ва сипас дар ноябри ҳамон сол ба Тоҷиҷистон истирдод шуда буд, 21-уми январи соли ҷорӣ аз Боздоштгоҳи муваққатӣ озод шуд. Ин […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, ки дар Русия боздошт ва сипас ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, аз зиндон озод шудааст.
Акс: Интернет
Сайид Шамс, фаъоли ҷомеаи мадании тоҷик, ки августи соли 2022 дар Русия боздошт ва сипас дар ноябри ҳамон сол ба Тоҷиҷистон истирдод шуда буд, 21-уми январи соли ҷорӣ аз Боздоштгоҳи муваққатӣ озод шуд.
Ин фаъоли 59-солаи ҷомеаи мадании Тоҷикистон пас аз раҳоӣ аз зиндон ба қасди ба ҷо овардани ҳаҷҷи Умра озими Арабистони Саудӣ гардида, бо нашри чанд аксе аз дохили ҳарами Маккӣ ва атрофи он аз худ дарак додааст.
Гуфта мешавад, Сайид Шамс, як фаъоли ҷомеаи мадании Тоҷикистони муқими Русия буд ва дар хеле мавридҳо аз бархе сиёсатҳои идорӣ ва кадрӣ, ки ба назари ӯ боиси рукуди иқтисодӣ ва пасрафти ҷомеа мешуд, сахт интиқод мекард ва инчунин дар амри решкан кардани фасод дар идораҳои давлатӣ низ бо ироаи пешниҳодҳо ва роҳи ҳалҳо интиқод мекард.
Мушкили Сайид Шамс бо мақомоти амниятии Русия чанд сол боз идома дошт ва ӯ дар ин байн чанд дафъа, аз ҷумла дар соли 2019 ва дар аввали соли 2022 низ боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ки Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) ӯро ба нақзи қонунҳои Русия ҳангоми гирифтани ҳаққи иқомат дар ин кишвар айбдор мекунад.
Дар гузашта мақомоти рус бо иттиҳомҳои ба ин монанд, чанд фаъоли дигари тоҷик, аз ҷумла Каромат Шарипов ва Иззат Амон ва даҳҳо каси дигар аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро низ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда, ба Тоҷикистон фиристода буданд ва дар натиҷа аксари онҳо аз озодӣ маҳрум шуданд.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.