Сайфиддин: “Дар омадани ман ба Сурия ҲНИТ даст надорад”

Сайфиддин Тоҷибоев дар мусоҳибае ҷузъиёти ҳаёт ва ба мақоми баланди низомӣ расиданашро дар Сурия мегӯяд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде пеш дар ҳукумати нави Сурия рутбаи низомии сарҳангро гирифт ва раиси Ситоди амалиёти артиши ин кишвар таъйин шуд, дар як мусоҳибае бо блогери тоҷик Имрон-tj гуфтугӯ кардааст.

Сайфиддин дар ин мусоҳиба мегӯяд, моҳи майи соли 2013 ба шаҳри Ҳалаби Сурия рафта ва ҳамон сол аз ин шаҳр ба Ибдлиб расфтааст.

Ӯ мегӯяд, ба Сурия бо хоҳиши худаш пас аз оғози “Баҳори арабӣ”, ки дар пайи он аксари олимони дин фатвои ҷиҳод дар баробари ҳукумати Башшор Асадро содир карданд, рафтааст ва касе ӯро ба ин кишвар нафиристодааст.

Тоҷибоев ҳамчунин мегӯяд, ҳангоми расидан ба Сурия дар аввал ба гардон (команда)-и “Муҳоҷирин вал-Ансор” шомил шуда, ба муддати се моҳ дар он тамринҳои низомиашро гирифтааст. “Ва баъд аз он бо бародароне, ки аз Осиёи Марказӣ омада буданд, ҷамоати “Тавҳид ва ҷиҳод”-ро ташкил кардем ва то ҳол дар ин ҷамоат фаъолият мекунем.”, мегӯяд Саффиддин.

Ӯ дар посух ба суоли ин ки таълимоти динӣ ва низомиашро дар куҷоҳо гирифтааст, мегӯяд, аз соли 2015 то соли 2021 дар Донишкадаи шаръӣ ва Академияҳои низомӣ дарсҳои динӣ ва низомиро гирифтааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз суқути низоми Башшор Асад дар як ҷаласае худи раҳбарии кунуни ҳукумати Сурия Аҳмад Шаръ рутбаи сарҳангиро ба ӯ додааст.

Ӯ ҳамчунин дар робита ба хабарҳои мулоқоташ бо Гулмурод Ҳалимов, собиқ сарҳанги тоҷикро рад мекунад ва мегӯяд, Гулмурод дар сафи ДИИШ ва дар қисмати шарқии Сурия буд ва “на ин ҷамоат ва на афродаш бо мо ҳеч итиботе надоштанд.”

Сайфиддин дар идомаи суҳбат ба узвияташ дар ҲНИТ ишора карда мекгӯяд, аз соли 2001 дар 18-солагӣ ба ин ҳизб шомил шуд ва то соли 2012 аз узви қаторӣ то масъули бахши ноҳияии ҳизб фаъолият кард ва соли 2012 аз раисии ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен истеъфо дода, аз кишвар хориҷ шудааст.

Ин собиқ узҷи ҲНИТ таъкид мекунад, ки ҳизб ва раҳбарияти он барои фиристоданаш ба Сурия даст надоранд ва ин тасмими шахсии худаш будааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мусоҳибае бо ВВС гуфт, ки дар вазъияти кунунии муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки дар баъзе кишварҳо ҳолати хеле вазнин доранд ва зери шиканҷа ва мушкилот ба сар мебаранд, ин хабари хуш аст, ки як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар як гӯшаи дигари дунё ба мақоми баланди низомӣ расидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ФАВРӢ! КҲФ аз дарёи Панҷ ҷасаде пайдо карда, ки эҳтимол Мирзонаботов бошад

КҲФ рӯзи 25-уми июн бо интишори хабари фаврие иттилоъ дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як мардро пайдо карданд.

Заминларзаи сахт дар Венесуэла даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Дар пайи ду заминларзаи пурқувват дар Венесуэла даҳҳо нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон боз андоз аз нақлиёт зиёд шуд

Дар Тоҷикистон ба Кодекси андоз тағйирот ворид карда шуд, ки бар асоси он миқдори андоз барои баъзе навъҳои воситаҳои нақлиёт афзоиш меёбад.

Кушта шудани як фармондеҳи баландпояи ДИИШ дар Сурия

Амрико эълон кард, ки дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар дар шимолу ғарби Сурия, яке аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи ДИИШ кушта шудааст.