20.9 C
Dushanbe

САҲА номаи расмӣ барои назорати интихоботи президентии Тоҷикистонро дарёфт кард

Сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Лорен Баранауска иттилоъ дода, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои назорат бурдани интихоботи президентии 11 октябри соли равон даъватнома дарёфт кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Sputnik” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки САҲА ин даъватномаи расмиро рӯзи душанбе 14 сентябр дарёфт кардааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш ин Созмон хабар дода буд, то ҳанӯз номаи расмӣ барои назорат бурдани интихоботи президентии Тоҷикистонро дастрас накардааст ва умед дорад, дар рӯзҳои наздик ин нома ба онҳо хоҳад расид.

Баранауска зимни иттилои ин хабар афзуда, ки аз ҳоло кори интихоби аъзои гурӯҳи нозирони эъзомии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои назорат бурдан бар раванди интихоботи президентии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ доир мешавад, оғоз шудааст.

Ин созмони байналмиллалӣ шурӯъ аз соли 2006 то ҳол бар раванди баргузории интихоботи порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон назорат бурдааст, вале ҳеҷ як аз интихоботи гузаштаро шаффофу демократӣ ва мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ унвон накардааст. Аз ин ҷост, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин Созмон чандон чашми хӯш надорад ва баҳои додаи онро оиди шаффофияти интихоботи гузашта қабул надорад ва мегӯяд ҳамаи интихобот тибқи меъёрҳои демократӣ гузаштааст.

Ба назари коршиносон ихтилофи ҳукумати Тоҷикистон бо САҲА баъд аз паноҳ бурдани мухолифони сиёсии ин кишвар ба давлатҳои аврупоӣ шиддат гирифт. Ва борҳо бо ташкили гирдиҳамоӣ ва таҷамӯъҳои сохта аз ин Созмон ва давлатҳои аврупоӣ хоста буд, ки мухолифонро ба Тоҷикистон бисупоранд ва ё ба кишварҳояшон роҳ надиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Авфи садҳо зиндонӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон фармони авфи 897 зиндониро содир кард.

Боздошти мубаллиғи Ҳукумат бо иттоми таҷовузи ноболиғ

Собиқ узви фаъоли "Авангард" Додихудо Шарифзода бо иттиҳоми "таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ" боздошт шуд.

Муовини раиси шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми ришва боздошт шуд

Муовини раиси шаҳри Ҳисор Гулзода Сангалӣ Бурӣ аз ҷониби Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон бо иттиҳоми ришва ва фасод боздошт шудааст.

Боздошти шаҳрдори Истанбул ва тазоҳуроти хиёбонӣ дар Туркия

Бо фармони Додситонии кулли Туркия 19-уми марти соли ҷорӣ шаҳрдори Истанбул Акрам Имомуғлу ва беш аз 100 мансабдору чеҳраҳои маъруф боздошт шуданд.