13.9 C
Dushanbe

Гуфтугузорҳои рӯзи 7-уми нишасти САҲА дар Варшава

Фаъолон ва мухолифони тоҷик дар рӯзи ҳафтуми нишасти САҲА аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳову зиндонҳои Тоҷикистон, ҳукми рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, қатли оми зодагони Рӯшон ва террористӣ эътироф шудани ҲНИТ дар Русия гуфтанд.

Рӯзи ҳафтуми нишасти САҲА, ки “Волоияти қонун” ном дошт дар он мавзуъҳои “Пешгирӣ ва решакан кардани шиканҷа”, “Бекор кардани ҷазои қатл”, “Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мубориза бо терроризм” баҳсу баррасӣ шуданд.

Дар нишасти навбатӣ Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз шиканҷаву навъҳои он дар Тоҷикистон ва нигаронии созмонҳои ҳуқуқӣ гуфт.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Ин фаъоли сиёсӣ мегӯяд, ки кормандони интизомии кишвар дар ҷараёни боздошт ва тафтишот барои ба даст овардани эътирофи гуноҳ, бештар аз шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба шахс истифода мекунанд ва ин амали онҳо ба як манбаи пулкоркунӣ низ таблил ёфтааст.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар идомаи суханрониаш гуфт, ки қурбониёни шиканҷа аз додани шаҳодат бар зидди шиканҷагарони худ метарсанд ва мақомот ба ин мушкилӣ “чашм мепӯшанд”, зеро манфиатдор ҳастанд, ки мардумро аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ битарсонанд.

Инчунин ӯ дар охири суҳбаташ қайд кард, ки набудани қонун ва вуҷуди шиканҷа дар кишвар мардумро водор мекунад, ки ба терроризму ифротгароӣ ҳамроҳ шаванд ва аз шиканҷагарони худ қасос гиранд.

Фирӯзи Маҳмадалӣ, фарзанди зиндонии сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳаит аз шиканҷа дар Тоҷикистон гуфт ва таъкид кард, ки “шиканҷа ягона манбаи ба даст овардани далел ва эътирофдар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ё судӣ дар Тоҷикистон мебошад”.

Ба гуфтаи ӯ, низоми муассисаҳои ислоҳӣ баста буда, дар бораи шароити нигаҳдории маҳбусон маълумоти дақиқу саҳеҳ гирифтан ғайриимкон аст ва ин боиси авҷ гирифтани хушунат ва шиканҷа нисбати маҳбусон ё боздоштшудагон гаштааст.

Дар акс: Беҳрӯз Тағойзода ва Фирӯзи Маҳмадалӣ 

Дар охир Фирӯзи Маҳмадалӣ аз кишварҳои узви САҲА ва созмонҳои байналмилалӣ хост, ки сиёсати худро нисбати кишварҳое, ки дар онҷо шиканҷаву фишор ва муомилаи бераҳмона ягона роҳи гирифтани эътироф аз боздоштшудагон ва ба хусус аз зиндониёни сиёсӣ маҳсуб меёбад, ба таври куллӣ ислоҳ кунанд ва инчунин механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, ки вобаста аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набошад, ташкил карда шавад.

Муаззама Қодирова, ҳуқуқшиноси тоҷик

Муаззама Қодирова, ҳуқуқшиноси тоҷик низ аз шиканҷаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми тафтишот, аз ҷумла аз боздошти охири зодагони Бадахшон ва шиканҷаи онҳо барои гирифтани эътироф гуфт. Хонум Қодирова мегӯяд, ки ба ғайр аз шиканҷа мақомоти кишвар даст ба қатл низ зада истодаанд. Дар идома ӯ аз ҳукми 7 солу 6 моҳ зиндонӣ шудани рӯзноманигори шинохта Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва шиканҷаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар зиндон низ гуфт.

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ дар нишасти имрӯзаи САҲА ширкат ва суханронӣ кард. Пеш аз ӯ яке аз фаъолони Қирғизистон суханронӣ намуда, марзбонони Тоҷикистонро “таҷовузкор” хонда, таъкид кард, ки афсарону сарбозони тоҷик ба ҳудуди маъмурии Қирғизистон таҷовуз карданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ

Аммо раҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ, қотеона аз афсарону сарбозони Тоҷикистон ҳимоят карда, гуфт, ки онҳо таҷовузкор нестанд ва баракас, онҳо вазифа ва қарзи шаҳрвандии худро дар ҳифзи марзу бумашон иҷро мекунанд.

Кабирӣ таъкид кард, ки кишварҳои аъзои САҲА бо баҳонаи мубориза бо тероризм мухолифон ва озодандешони худро саркӯб мекунанд. Раҳбари ПМТ ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудани рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро мисол оварда гуфт, ки ин як ҳукми намоишкорона аст. Инчунин ӯ афзуд, ки мақомоти тоҷик бо эълони ҳукм дар ин рӯз мехоҳанд паём бидиҳанд, ки “Мо дар Варшава мушкилоти Тоҷикистонро баррасӣ мекунем, аммо ҳукумати Тоҷикистон чӣ кореро хоҳад анҷом медиҳад ва барои амалҳояш ҷазо намебинад”.

Дар охир ӯ террористӣ эътироф шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикстонро дар Русия маҳкум кард.  

Алим Шерзамонов муовини раиси ПМТ дар суҳбаташ аз моратория ҷорӣ шудани ҳукми қатл дар Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт, ки мақомот ба қатлҳои ғайрисудӣ даст мезананд. Шерзамонов мегӯяд, “Аз соли 1997 то соли 2022, дар маҷмуъ, тавре мегӯянд, садҳо нафари мухолифи режим “безарар гардонида шуданд”. Намунаи охирини қатли оммавии ғайриқонунии шаҳрвандон, куштори зодагони Рӯшон буд”.

Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ 

Муовини раиси ПМТ аз чанд тан аз зодагони Рӯшон, аз ҷумла Умед Муродмамадов, ки аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии кишвар кушта шудаанд, мисол овард. Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулис Умедро рӯзи 18-уми май вақте ки ҳамчун волонтёр ба духтурон кумак мерсонд, боздошт кардаанд ва ӯро то дараҷае шиканҷа кардаанд, ки хонаводааш ҷасади ӯро нашинохтаанд.

Ёдовар мешавем, ки нишасти солонаи САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава рӯзи 26-уми сентябри соли 2022 шуруъ шуда, то 7-уми октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Ин нишаст ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшва баргузор мегардад, аммо ба сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 солҳои 2020 ва 2021 баргузор нашуд.

Дар нишасти САҲА вобаста ба ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра барои ду ҳафта аз ҷониби кишварҳои узви ин созмон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсу баррасӣ мешавад.

Дар нишасти имсола ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон ширкат надоранд. Сабаби ширкат накардани онҳо маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.