14.9 C
Dushanbe

Санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон

Имрӯз, 29-уми май, бо сафари расмӣ ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба Тоҷикистон омад.

Дар доираи ин сафар, мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби аввали раисҷумҳури Эрон баргузор гардида, баъдан, музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар доир шуд.

Ҳайатҳои расмии ду кишвар масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, дар поёни музокирот ҷонибҳо баёнияи муштарак ва чор санади иловагии ҳамкориро ба имзо расониданд, ки ба шакли зер аст:

  1. Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони тавсеаи ҳамкории илмӣ ва фановаронаи байналмилалии Муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёди Раис Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  2. Қарордоди иловагӣ №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» ва Мудиромили ширкати пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда Сангоб»;
  3. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи «Кор ва таъмини иҷтимоӣ»-и Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
  4. Ёддошти тафоҳум бо роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳаракати вагонҳои эронӣ дар шабакаи Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Интизор меравад, ки Муҳаммадризо Орифро раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазирад ва ин мақомдори эронӣ дар доираи сафараш аз фаъолияти истеҳсолии корхонаи «TALCO Кабел» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намояд.

Сафари Муҳаммадризо Ориф ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон дар ин чанд соли ахир равобити печидае доштанд. Тира шудани муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ ва Қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” шуруъ шуда, бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 тиратар гашта буд.

Аммо соли 2019 пас аз сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ дар Эрон муносибатҳои ин ду кишвар нармтар шуд ва дар замони расиҷумҳурии Раисӣ миёни Тоҷикистону Эрон низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ҷорӣ шуд.

Инчунин дар моҳи январи соли равон сафари расмии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон ба Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он сафар 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид ва дар ҷараёни он Форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе баргузор шуд ва маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо гардид.

Ва то имрӯз чандин мақомдори баландпояи Эрону Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ анҷом медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Илон Маск аз сиёсат рафт

Миллиардер ва муассиси ширкатҳои маъруфи "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск аз мақоми мушовири махсуси ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп расман истеъфо дод.

Шикоят аз роҳҳои хароби Душанбе

Як сокини пойтахт аз вазъи нохуби роҳи мошингарди назди Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе шикоят кардааст.

Ғазза қатлгоҳи рӯзноманигорон шудааст

Ба иттилои расонаҳо, шаби гузашта дар як ҳамлаи шадиди ҳавоии Исроил ба Ғазза рӯзноманигори фаластинӣ Муътаз Муҳаммад Раҷаб кушта шуд.

Пас аз мулоқоти Рустаму Путин вазъи муҳоҷирони тоҷик беҳтар мешавад?

Рустами Эмомалӣ бо мақомдорони Русия масъалаи муҳоҷиронро дар миён гузоштааст. Аммо дақиқан аз кадом мушкилоти муҳоҷирон гуфтааст, маълум нест.