Ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои тоҷикӣ наворе давр мезанад, ки дар он дида мешавад, чанд мард бо либоси мулкӣ ҷавонеро, ки дар тан пироҳани сафед дорад мехоҳанд маҷбур ба ҷое бубаранд, вале сокинон моени онҳо мешаванд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин ҳодиса дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб рӯзи 21-уми октябр рух додааст ва ба гуфтаи шоҳидон, ин бача дар мизи пеши майдонча нишаста будааст, ки се марде пайдо мешаванд ва мехоҳанд ғайриқонунӣ ӯро ба артиш баранд, аммо ин ҷавон сутуни оҳании дар майдоча бударо мустаҳкам қапида, фарёд мезанад.
Дар охир ба ин мардҳо, ки ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса кормандони милиса будаанд, муяссар мешавад, ки ҷавонро ба мошин шинонданд, вале занҳо рафта пеши роҳашро гирифта, бачаро озод мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои кишвар бо нашри вокунише, гуфтааст, ки ин навор саҳнаи сарбозшикор нест ва онро зидди фарҳанги мардум гуфтаву боис гаштани иғвоангезӣ дар миёни ҷомеа номидааст.
Бино ба иддаои ин ниҳод, ҷавони бо пироҳани сафед дар навор буда, ҳамчун гумонбар ба паҳн кардани маводҳои нашъаовари лирика аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Кӯлоб боздошт шуда истодааст.
Вазорати корҳои дохилии кишвар низ бо нашри изҳроти монанд ба Вазорати дифоъ ба ин хабар вокуниш кардааст, аммо ному насаби ин ҷавон ва маълумоти дигареро дар ин бора нашр накардааст.
Вокуниши ВКД ва Вазорати дифои кишвар суолҳои зиёдеро миёни корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Корбарон мепурсанд, агар ин ҷавон ба фурӯши маводҳои нашъаовар машғул буд, чаро ҳангоми боздошт фарёд мезанаду занҳо омада ӯро озод мекунанд? Ва пулис ҳам метавонист бо нишон додани ҳуҷҷати корӣ ин ҷавонро озод накунаду бо худ бибарад.
Инчунин корбарон мепурсанд, ки чаро Вазорати дифои кишвар ба наворҳои дигар, ки аз рафти сарбозшикори ғайриқонунӣ гирифта шудааст, то ҳол вокунише накардааст.
Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуд ва он то 30-уми ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва ҷавононе, ки солҳои таваллудашон байни 1998-2007 мебошад, ба артиш бурда мешаванд.
Мақомот дар давоми 10 рӯзи аввал аз 78 дарсад иҷро шудани Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон хабар доданд.
Мақомот муваффақияти иҷрои нақшаро бо зиёд шудани шумори ихтиёриён, додани имтиёзҳо ба даъватшавандагон, мисли шаҳодатномаи ронандагӣ бар ивази хидмат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ рабт медиҳанд.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои асосӣ оғози пешакии маърака дар баъзе минтақаҳо ва кам шудани шумори нақшавии даъватшавандагон мебошад. Ҳамчунин тағйироти соли 2020 низ ба ин раванд таъсир расонидааст. Мувофиқи тағйироти мазкур, хатмкардагони донишгоҳҳо пеш аз кор дар ниҳодҳои қудратӣ бояд хидмати ҳарбиро ҳатман анҷом диҳанд.
Ҳамзамон хабару гузоришҳо аз дохили кишвар акси гуфтаҳои мақомотро нишон дода, дар рӯзи аввал ҳадди ақал чанд навори ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш нашр шуд ва расонаҳо аз иҷборан бурда шудани донишҷӯи курси дувум ва як омӯзгори дигар хабар додаанд.
Ҳатто мақомот маҷбур шудаанд барқро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ кунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб кардаанд ва низ гузоришҳо мерасид, ки дар баъзе деҳаҳои ноҳияҳои дурдаст кормандони комиссарияти ҳарбӣ ба хонаҳои даъватшудагон рафта, вақте худи ҷавонро пайдо накардаанд, баъзе аз наздиконашонро то пайдо шудани ҷавон асир гирифтаанд.
