Қарор аст Бонки рушди осиёӣ ва Бонки рушди исломӣ боз садҳо миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Бонки рушди осиёӣ гузориш дода, ки 4-уми марти имсол президенти он Масато Канда бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, дар робита ба кумакҳои молии БРО барои рушди иқтисодии Тоҷикистон гуфтугӯ кардаанд.
Гуфта мешвад, ин бонк дар ҳаҷми бештар аз 1 миллард доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Тасмими мазкур дар чорчӯби ҳамкории стратегии кишвар бо БРО барои солҳои 2026-2030 мебошад. Бар асоси ин гузориш, сармоягузориҳо бештар дар соҳаҳои мухталифи инфрасохторӣ, ба вуҷуд овардани шаройити корофаринӣ, хидматрасониҳои умумӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои тиббӣ ва илмӣ нигаронида мешаванд.
Ҳамзамон раиси Бонки рушди исломӣ Фарид Хон рӯзи 4-уми март бо Абдураҳмон Абдураҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мулоқот намудааст. Онҳо зимни вохӯрӣ аз афзоиши ҳамкориҳои ин бонк бо Тоҷикистон ва сармоягузортҳои дар самтҳои домдорӣ, зерсохторҳо, маориф ва иҷро кардани лоиҳаҳои мавҷудаи БРИ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳоло ба дунболи ҷалби бештари сармояи хориҷӣ аст. Ба гуфтаи мунтақидон, Тоҷикистон, ки кишвари фасодзада аст, мақомдорони тоҷик маъмулан аз чунин роҳҳо суди ҳангуфте насибашон мешавад, вале манофеи миллӣ барояшон чандон арзише надорад.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мустақили байналмилалӣ ва бархе кишварҳо сатҳи фасод дар Тоҷикистонро хеле зиёд, густарда ва решаӣ медонанд. Аз ҷумла, вебсайти расмии ҳукумати ИМА барои иттилоъ додан ба сармоягузорони ин кишвар Тоҷикистонро кишваре, ки тақозои зиёде барои сармоя дорад ва дорои потенсияли рушд муаррифӣ мекунад, вале аз вуҷуди фасод дар тамоми лояҳои ҳукумат ва сахтгириҳои идорӣ ҳушдор медиҳад.
