Сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб Сиддиқов Б.Б. бо иттиҳоми тасарруфи маблағи зиёди буҷети давлатӣ боздошт шудааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел бо нашри матлабе хабар дод, ки дар натиҷаи тафтиши мақомоти ин ниҳод сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб Сиддиқов Б.Б. бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми калон боздошт шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии зидди фасод, гумонбар давоми солҳои 2022–2025 бо роҳи барзиёд нишон додани маблағи музди маоши кормандон ва дигар пардохтҳо дар ҳуҷҷатҳои молиявӣ, ки ба сохторҳои молиявӣ пешниҳод мешуданд, тавониста маблағҳои иловагӣ ба даст орад. Гуфта мешавад, ки ӯ бо истифода аз ҳуҷҷатҳои сохта маблағҳоро ба суратҳисоби шахсии худ интиқол дода, дар маҷмуъ беш аз 1 миллиону 147 ҳазору 744 сомониро аз худ кардааст.
Ҳамзамон, тафтишот муайян кардааст, ки номбурда чанд сармуҳосиби дигар муассисаҳои давлатӣ дар ноҳияи Варзобро низ фиреб дода, ҳисоботҳои молиявии онҳоро нодуруст тартиб додааст. Дар натиҷа, ба гуфтаи манбаъ, беш аз 247 ҳазор сомонии дигар ба манфиати шахсии ӯ интиқол ёфтааст.
Ба иттилои мақомот, дар пайи ин амалҳо ба давлат зарари махсусан калон расонида шудааст. Агентии зидди фасод бар зиди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б”, 323 ва 340 қисми 2 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз карда, пас аз анҷоми тафтишот аллакай парванда ба додгоҳ фиристода шудааст.
