Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои тиббиро афзоиш медиҳанд

Бар асоси имзои як ёддошти ҳамкорӣ ширкатҳои беҳдоштии чинӣ омодаанд дар зерсохторҳои тиббии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Расонаҳои давлатии кишвар рӯзи 1-уми апрели соли ҷорӣ иттилоъ доданд, ки байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Беҳдоштӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи мардумии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғур ва Ширкати саноат ва тиҷорати Синзян-Санбаои Ҷумҳурии мардумии Чин ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, масъулони ширкатҳои чинӣ зимни имзои ин ёддошт иброз доштаанд, барои таҳкими равобит нақша доранд дар тавсеаи зерсохторҳои тиббӣ, аз ҷумла сохтмонҳо ва таъмири муассисаҳои тиббиву беморхонаҳо саҳмгузорӣ кунанд.

Бар асоси ин хабар, тафоҳумнома дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо ҳузури муовини якуми вазири тандурутӣ Саломуддин Юсуфӣ ва як гурӯҳ намояндагони ширкатҳои мазкур аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба имзо расонида шуд.

Тибқи гузоришҳо, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) “Беҳдоштӣ”-и Тоҷикистон як сохтори дар бахши тандурустӣ мебошад, ки бо Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Урумчии Чин ҳамкории зич дорад.

Ин муассиса ба рушди хидматрасониҳои тиббӣ, воридоти технологияҳои муосир аз Чин ва таълими мутахассисон тамаркуз карда, барои баланд бардоштани сатҳи табобат дар Тоҷикистон талош дорад.

Кишвари Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкати чинӣ бо сармоягузории давлати Чин фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Чин аз соли 2009 то ин дам дар Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Бар асоси оморҳои расмӣ, қарзи хориҷии Тоҷикистон танҳо аз Чин беш аз 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки он 52% қарзҳои хориҷии кишварро дар бар мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.