11.9 C
Dushanbe

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Сӯиқасд ба ҷони Роберт Фитсо замоне рух дод, ки сарвазир баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе ва пас аз хуруҷ аз як нишасти ҳукуматӣ ба назди сокинони маҳаллӣ баромада буд ва дар ин ҳолат як марди ношинос ба ӯ чанд тир холӣ кард.

Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷои ҳодиса нашр шудааст, дида мешавад, ки посбонҳои амниятӣ Фитсои маҷруҳро ба мошин савор мекунанд ва пулис ҳамлагарро дар ҳол боздошт мекунад. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, сарвазир аз меъдааш тирхӯрдааст.

Расонаҳои ҷаҳон дар бораи вазъи саломатии ӯ гузоришҳои зиддунақиз нашр кардаанд. Гуфта мешавад, Фитсои 59-сола беш аз се соат ҷарроҳӣ шуда, вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мешавад ва табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Словакия Матус Сутай Эсток ба хабарнигорон гуфта, ки “Вазъи саломатии сарвазир вазнин аст, ҷони ӯ дар хатар аст ва ӯ то ҳол дар утоқи ҷарроҳӣ қарор дорад”.

Аммо дар ҳамин ҳол ВВС аз қавли муовини нахуствазири Словакия Томаш Тараба хабар дод, ки тадобири пизишкон муваффақ буда, ҳаёти сарвазирро хатаре таҳдид намекунад. “Амалиёти ҷарроҳӣ хуб гузашт. Ман фикр мекунам, ки ӯ дар ниҳоят зинда мемонад. Айни замон ҳаёти ӯ дар хатар нест.”-гуфт Тараба.

Мақомоти давлатии Словакия ҳувияти муҳоҷимро фош накардаанд, аммо расонаҳои ин кишвар бо такя ба манобеи худ навиштаанд, ки ҳамлагар як марди аз 50-сола боло, шоир, нависанда ва фаъоли сиёсӣ буда, шаҳрванди ҳамин кишвар аст.

Расонаҳои Словакия ҳамчунин хабар доданд, ки гумонбар муассиси яке аз маҳфилҳои адабии ин кишвар буда, фаъоли ҳизби либералии оппозисиюнии Словакия мебошад.

Мақомот ангезаи ин сӯиқасдро ба масоили сиёсӣ марбут медонанд. Ва аз наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ маълум аст, ки худи муҳоҷим пас аз боздошт мегӯяд, ки Фитсоро ба далели розӣ набудан аз сиёсатҳои ҳукуматаш паррондааст.

Дар пайи ҳамла ба ҷони сарвазири Словакия кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ вокуниш карданд. Аз ҷумла, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико онро маҳкум карда, аз омодагии кишвараш барои кумак хабар дод. Ҳамзамон Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ гуфта, ки “ин ҷинояти ваҳшиёнаро ҳеҷ гуна сафед кардан мумкин нест.” Путин дар барқияи таслиятишя ӯро “марди қавӣ ва ҷасур” номидааст.

Сарвазири Словакия Роберт Фитсо бо мухолифати сахти худ аз ирсоли кумакҳои таслиҳотӣ ба Украина маъруф буд ва ӯ аз ин сиёсати Амрико ва Аврупо пуштибонӣ намекард. Ӯ мегӯяд, имрсоли силоҳ ба Украина танҳо хунрезиро зиёд мекунад.

Роберт Фитсо аз соли 2006 то ин дам сарвазири Словакия аст. Бори охир тирамоҳи соли гузашта барои бори чорум сарвазири ин кишвар интихоб шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷашни “Ҷумъаи пирӯзӣ” дар шаҳрҳои Сурия

Рӯзи 13-уми декабр садҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои мухталифи...

Амрико хостори озодии зиндониёни сиёсии тоҷик шуд

Баъзе аз сенаторони Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврии зиндониёни сиёсиро талаб карданд.

Ҷабборов дар бораи марз гуфт, Раҳмонов хомӯш аст

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов баъзе аз ҷузъиёти созишномаи марзии ду кишварро ошкор кард.

Мундиали 2030 ва 2034 маълум шуд дар кадом кишварҳо мешавад

FIFA маълум кард, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол солҳои 2030 ва 2034 дар кадом кишварҳо баргузор мешавад.