Рӯзи 4-уми август бар асари омадани сел дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокинон зарари ҷиди диданд.
Наворҳое, ки аз ин ҳодиса дар интернет нашр шудааст, дида мешавад, селу лой вориди хонаҳои мардум шуда, роҳҳои мошингард хароб гаштааст.
Бино ба иттилои расмӣ, хушбахтона, сел талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Аммо дар натиҷаи ин ҳодиса 8 гектар замини кишти картошка пурра аз байн рафтааст. Сабаби омадани сел “якбора гарм шудани боду ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва обхезӣ дар рӯдхонаи Зугванд” унвон шудааст.
Зодагони Бадахшонн дар Фейсбук аз сари вақт ба мардуми зарадида кумак нарасонданӣ мақомот шикоят карданд.
Чила Сулаймоншоева дар Фейсбук бо гузоштани чанд видео аз ҷои ҳодиса аз муҳочирон даъват карда, ки ба зарардидагони сел дар ноҳияи Ишкошим кумак кунанд. Ӯ инчунин навиштааст, ки як қисми зарардидагон бе ҷойи хоб мода, ниёз ба кумак доранд.
Ин дар ҳоле аст, ки Дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБ 6-уми август дар саҳфаи фейсбукияш хабар дод, ки раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва як комиссия дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва инчунин зарардидагон баҷои амн итиқол дода, ба хӯроки гарм таъмин шудаанд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳодисаҳои нохӯши табиӣ рух медиҳад. Имсол минтақҳои гуногуни кишвар шоҳиди омадани селҳои зиёд буданд, ки дар натиҷаи он даҳҳо манзили сокинон ва иншооти иҷтимоӣ осеб диданд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, офатҳои табиӣ дар шаш моҳи аввали соли 2024 барои Тоҷикистон қариб 131 миллион сомонӣ (12 миллион доллар) зарар расондаанд.