18.9 C
Dushanbe

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Ба иттилои расонаҳои Бритония, Абдулманон Алиеви 50-сола рӯзи 9-уми апрели соли ҷорӣ пас аз анҷоми таҳқиқот дар додгоҳ ба шаш ҷурми марбут ба озори ҷинсӣ муттаҳам шудааст.

Тибқи маълумотҳо, ҳодиса дар яке аз қаторҳое рух додааст, ки аз атрофи Лондон ба маркази шаҳр ҳаракат мекард. Алиев дар ҷараёни сафар дар рӯ ба рӯи духтари ноболиғ нишаста, бо истифода аз барномаи тарҷумони телефони мобилӣ талош кардааст бо ӯ суҳбат оғоз кунад.

Баъди он ки духтар аз ӯ дур шуда, ҷойи нишасташро иваз мекунад, гумонбар дубора дар паҳлӯяш менишинад ва роҳи ҳаракати ӯро маҳдуд месозад. Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ дар ин ҳолат муддате худро ба духтар таҳмил намуда, ба озори ҷинсӣ даст задааст.

Духтар танҳо пас аз расидани қатор ба истгоҳ тавонистааст худро аз ӯ раҳо кунад. Ӯ баъдан дар қатори дигаре нишаста, аз ҳодиса ба пулис хабар додааст ва пас аз он амалиёти ҷустуҷӯӣ оғоз гардидааст.

Пулиси нақлиёти Лондон мегӯяд, гумонбар дар ҷануби шаҳр боздошт шудааст. Ба гуфтаи як намояндаи пулис, “мо ҳар гузориши марбут ба озори ҷинсиро ҷиддӣ баррасӣ мекунем ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон аз тамоми имконот истифода мебарем.”

Пулис иддао карда, ки зимни бозрасии гумонбар далелҳои марбут ба дигар ҳолатҳои эҳтимолии ҷиноятӣ низ пайдо шудаанд. Дар натиҷа, додгоҳ Алиевро дар маҷмуъ ба шаш ҷурми озори ҷинсӣ гунаҳкор донист.

То кунун дар бораи ҳукми ниҳоии додгоҳ маълумоти расмӣ нашр нашудааст. Ҳамчунин назари худи Абдулманон Алиев ва ё вакили дифои ӯ дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.

Ҳуҷуми шадиди Исроил ба Лубнон. Исроил Лубнонро ҷузъи оташбас намедонад

Пас аз эълони тавофуқи оташбас байни Эрон ва Амрико Исроил ҳамлаҳои худро ба чандин минтақаи Лубнон шиддат бахшидааст.

Боздошт ва истирдоди модари як фаъоли кушташуда аз Русия ба Тоҷикистон

Дар Русия бо дархости мақомоти тоҷик Амчигул Амиршоева, модари фаъоли шаҳрвандӣ Тутишо Амиршоеви 23-сола, ки моҳи ноябри соли 2021 дар ҷараёни эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ кушта шуда буд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардид.