8.9 C
Dushanbe

Шаҳрвандони хориҷиро аз зиндонҳои Русия ба кишварҳояшон мефиристанд

Мақомоти Русия тасмим доранд шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар зиндонӣ ҳастанд, идомаи муҳлати ҷазоро дар давлатҳои худашон гузаронанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, кормандони Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар маҳбасҳо аз зиндониёни Украина, Белорус, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои ғарбӣ талаб доранд то зери навиштаи ризоият барои бозпас фиристодан ба кишварҳояшон имзо гузоранд.

Гуфта мешавад, ин тасмими мақомоти Русия дар пасманзари ҳамлаи террористӣ дар СИЗО-и Ростов-на-Дону ва зиндони вилояти Волгоград, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ даст доштанд, гирифта шудааст.

То ҳол маълум нест, ки ҳамаи зиндониёни хориҷӣ ба кишварҳояшон фиристода мешаванд ё на. Чун тибқи қонунҳои Русия афроде, ки бо иттиҳоми “ҷосусӣ” зиндонӣ шудаанд, нисбати онҳо тартиби интиқол ба ватанашон барои адои ҷазо пешбинӣ нашудааст ва одатан ин афрод бо афроди монанд мубодила мешаванд. Мисли мубодилае, ки миёни Ғарб ва Русия 1-уми августи соли ҷорӣ сурат гирифт.

Аммо шаҳрванди Лаҳистон Мариан Радзаевский, ки соли 2019 барои ҷосусӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд, якчунин дархостеро навишта зери он имзо кардааст.

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки мақомоти Русия дар гузашта талош мекарданд то бо зиндониёни хориҷӣ шартнома баста, онҳоро ба ҷанг дар Украина фиристанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷойивазкунии навбатии мақомдорон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Пулиси Душанбе дар 15 мактаб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронд

Пас аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, ки ян наврас кушта ва як каси дига захмӣ шуд, мақомоти пулиси пойтахт чораҳои зиддиҷиноятиро роҳандозӣ карданд.

Ин мушкили барқ кай ҳал мешавад? Шикояти сокинон аз бебарқӣ

Баъзе сокинон аз вилояти Суғд ва Хатлон аз он шикоят доранд, ки аз ҳоло барқ надоранд ва дар як шабонарӯз тақрибан аз 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар Тоҷикистон “WhatsApp” ва “Telegram” маҳдуд мешаванд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи "ОРИЗ" хабар дод.