13.9 C
Dushanbe

Шабҳои ваҳшатноки Себистон (қисми дуюм)

“Вақте мебинанд, ки Шерхон то ба ҳол намурдааст, боз ба ӯ наздик мешаванд ва ин бор ӯро дар оғӯши фарзандони ноболиғаш як тири дигар ба пешонияш мезананд, ки хун ва мағзи сараш ба чеҳраву сару либоси фарзандонаш пош мехӯрад.”

БОЗНАШР АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИИ ҶАННАТУЛЛОҲИ КОМИЛ

Ба қатл расондани Мирзоев Шерхон

Ҳарду қотили ваҳшии бераҳм, яке Саидов Маҳманазар ва дигаре Сайфуллоев Зайнулло (ҳарду мансуб ба Фронти халқи буданд) баъд аз оне, ки Мулло Ширинро бераҳмона ва бо ваҳшоният ба қатл мерасонанд, боз ҳам эҳсоси хунхорияшон қокеъ нашуда, ба тарафи хонаи Мирзоев Шерхон мераванд.

Мирзоев Шерхон аслан хабар надошт, ки моҷаро чӣ аст ва низ намедонист, ки каме пештар як дӯсти наздики ӯро бидуни ҳеҷ гуноҳе ба қатл расонидаанд. Зеро деҳаи Себистон ҳам калон асту ҳам он замон телфонҳои дастӣ вуҷуд надошт, то он хабари шумро барояш расонанд, то ӯ худро аз дасти қотилон раҳонад.

Қотилон тақрибан то як соат баъди ба қатл расонидани Мулло Ширин ба назди хонаи Мирзоев Шерхон мерасанд. Бидуни пурсиш ва огоҳ кардан, чун ваҳшиёни муғулӣ дарро зада мехоҳанд, ки дохили ҳавлии ӯ шаванд. Аммо қуфли дарро боз карда наметонанд. Дар ин ҳангом Шерхони бечора, ки аслан намедонист чӣ гап асту чӣ ҳодисае рух медиҳад, садои сахти дарро шунида, ба берун мебарояд ва дарро боз мекунад. Ҳамроҳ бо ӯ кӯдакони ноболиғаш ҳам ба берун мебароянд. Ҳамин ки дарро боз мекунад, ин ду ваҳшии силоҳбадастро рӯ ба рӯйи худ мебинад. Ӯ аслан тасаввур надошт, ки ин ҳамдеҳагонаш, нафароне, ки ба онҳо саду як некӣ кардааст, ӯро ба қатл мерасонанд.

Ба онҳо мегӯяд: чӣ мехоҳед ва барои чӣ ин вақти шаб бо силоҳ ба хонаи ман омадед? Қотилони хунхор ӯро ба қафо тела дода ва бо дастаи силоҳ мезананд ва дохили ҳавлияш мешаванд. Шерхони бечора ин амали зишти онҳоро дида, садо баланд мекунад, ки накунед! Назанед! Онҳо ӯро бо силоҳ зада-зада ба қафо меронанд. Шерхон худро аз зарби онҳо қадри имкон ҳимоят карда, оста – оста ба қафо рафта, дар кате, ки байни ҳавлияш буд, мешинад.

Қотилон ҳамчунон бо дастаи силоҳ ба руйю сараш заданро идома додан мегиранд.

Кӯдакони хурдсоли ӯ ин ҳолатро дида, аз тарс омада худро дар оғӯши падар мепартоян ва аз қотилон бо чашмони пурашку садои пурнола талабу зора мекунанд, ки падарамонро накушед.

Қотилони муғултабор ҳатто ба ашки ин кӯдакони ноболиғ ҳам раҳм накарда, ба кори худ идома медиҳанд. Сипас Шерхон мехоҳад ба онҳо бигӯяд, ки ман чӣ гуноҳ дорам, ҳамин ки калимаи “ман”-ро ба забон меорад, хунхори Маҳманазар силоҳро дохили даҳони ӯ мекунаду як тир ба даҳонаш мезанад ва тир аз пушти сараш хориҷ мешавад. Ҳамаҷо пур аз хун мегардад. Доду фиғони кӯдакони ноболиғи маъсумаш, ки яке 3-сола, дигаре 5-сола ва яки дигаре 10 -сола буданд, ҳама ҷойро фаро мегирад. Бечора тифлҳои маъсум аз яксӯ доду фиғон мекарданд ва аз сӯи дигар дар тарсу ҳарос буданд, ки онҳоро низ напаронанд. Зеро аз дасти ин ҳайвонсифатон ҳар чи омаданаш мумкин аст. Ҳатто шахсони бузург дар ин ҳолат дасту пойи худро аз даст медиҳанд, куҷо расад ба ин тифлакони маъсум.

Духтари дигари Шерхон, ки каме бузургтар нисбати бародаронаш буд, садои тир ва доду фиғони бардаронашро шунида, давида меояду падарро ба оғӯш мегирад ва бо садои баланд мегиряд, аммо касе ба кумакашон намерасад. Мехоҳад хунро аз сару бадани падар пок кунад, аммо хун рехтан мегирад. Аз тарсу ваҳшат ва аз ине ки падар дар болои дастонаш нафасҳои ахири худро мекашаду нола мекунад, дигар намедонад чи кор кунаду ба куҷо паноҳ барад. Кушиш мекунад то падарашро ба даруни хона барад, аммо аз шиддати даҳшату ваҳшати он ҳолат дастону пойҳояш хуб ҳаркат намекунад.

Маҳманазари қотил бо Зайнуллои қотил ин манзараро мебинанд ва ба ҷои он ки каме ҳам бошад ба ҳоли кӯдакон раҳм кунанд, аммо ҳайҳот, заррае раҳм надоштанд. Вақте мебинанд, ки Шерхон то ба ҳол намурдааст, боз ба ӯ наздик мешаванд ва ин бор ӯро дар оғӯши фарзандони ноболиғаш як тири дигар ба пешонияш мезананд, ки хун ва мағзи сараш ба чеҳраву сару либоси фарзандонаш пош мехӯрад. Сипас мебинанд, ки дигар ӯ ҷон ва ҳаракате надорад, ҳавлии ӯро тарк мекунанд.

Ин он чизест, ки ман аз забони холаам, яъне ҳамсари Шерхон ва фарзандонаш шунидаам. Шояд даҳшату ваҳшонияти қатли Шерхон аз ин ҳам бештару бадтар бошад, ки ман надонам. То ба ҳол он кате, ки болои он Шерхонро ба қатл расонидаанд, дар ҳавлии марҳум Шерхон ва дар ҷойи будагияш боқӣ аст.

Худ тасаввур кунед, ки ин қотилон чи қадар ваҳшӣ ва палиду дур аз инсоният буданд. Тасаввур кунед, ки шахсро дар оғӯши фарзандон ба қатл мерасонанду механданд. Ҳатто ҳайвон ҳам чунин амалро намекунад, куҷо расад ба инсон. Тасаввур кунед, ки фарзанд ва он ҳам фарзандони ноболиғ чигунагии қатл ва ҷон додани падарро дар оғӯши худ бубинанд.

Шояд Маҳманазари қотил ва Зайнуллои қотил шири одам ва модар нанӯшида бошанд. Ё шояд онҳо насле аз муғул ва ё ҳайвоне дар шакли одамизот бошанд?!

Баъд аз куштани Мирзоев Шерхон ин қотилон ба тарафи хонаи мо равон мешаванд, ки давомашро дар матлаби оянда баён хоҳам кард…

Қисми 1 – https://azda.tv/shabkhoi-vakhshatnoki-siebiston/

Идома дорад

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.