Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сабаби барканории собиқи раиси суди шаҳри Хуҷандро шарҳ дода гуфт, ки вай пора гирифта буд.
Имрӯз, 18-уми июли соли 2022 Сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нишасти матбуотии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт, собиқ раиси суди шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми гирифтани пора боздош шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Суди шаҳри Хуҷанд ва Рустам Маҳмадсаидзода, судяи ин суд “ба воситаи миёнарав барои ҳал кардани парвандаи ҷиноятӣ, ки дар баррасии судя Рустам Маҳмадсаидзода қарор дошт”, ҳангоми гирифтани пора ба маблағи чор ҳазор доллари амрикоӣ тавассути кормандони агентӣ боздош шудаанд.
Ин мақоми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид кард, ки нисбат ба собиқ раиси суди шаҳри Хуҷад, судяи ин суд ва миёнарави онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти он ба анҷом расидааст ва он ба прокуратура фиристада шудааст.
Мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, ки нисбат ба собиқ раиси суди шаҳри Хуҷанд, судя Рустам Маҳмадсаидзода ва миёнари онҳо чорҳои ҳабси пешакӣ татбиқ гардида, айни замон дар боздоштгоҳ қарор доранд.
Гуфта мешавад, Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон пеш аз он ки раиси суди шаҳри Хуҷанд таъйин карда шавад, то 25-уми ноябри 2021 ҳамчун судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд кор мекард ва 30-юми майи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон ӯ ва ҳамкорашро бо сабаби “шаъну эътибори судяро паст задан“, аз мансабҳои ишғолкардаашон барканор карда буд.