9.9 C
Dushanbe

Шикасти Инглистон дар муқобили Испониё

Мунтахаби миллии футболи Испониё дар муқобили тими миллии Инглистон пирӯз шуд.

Шоми 14-уми июни соли 2024 дар даври ниҳоии Ҷоми Аврупо-2024 дастаи мунтахаби миллии футболи Испониё бо ҳисоби 2:1 тими миллии Инглистонро шикаст дод.

Ин бозӣ бо ҳузури даҳҳо ҳазор тамошобин дар яке аз бугузургтарин варзишгоҳҳои Олмон дар шаҳри Берлин баргузор шуд. Бархе мақомоти олии кишварҳои аврпоӣ аз ҷамъи тамошобинони асосии ин бозӣ буданд.

Испониё тавонист дар нимаи аввали ин бозӣ голи нахустро ба дарвозаи мунтахаби миллии футболи ҳарифи худ-Инглистон ворид кунад. Сипас дар оғози нимаи дувум Инглистон ҳам муваффақ шуд, ки 1 гол бизанад.

Гуфта мешавад, бозӣ замоне ҷолиб ва бештар диданӣ шуд, ки хелеҳо интизор надоштанд Испониё метавонад, ки як бори дигар ҳам дарвозаи ҳарифро рахна карда, тӯпи дуюмро ворид мекунад ва соҳиби Ҷоми Евро-2024 мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳ раҳбарони “Гурӯҳи 24”-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе раҳбари "Гурӯҳи 24" Суҳроби Зафар ва узви ин гурӯҳ Насимҷон Шарифовро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Раиси пулис бо иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт шуд

Сардори милисаи ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҷониби маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудааст.

Русия барои муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданист

Дар Русия гирифтани иҷозаи иқомат (ВНЖ) барои муҳоҷиронро мехоҳанд...

3 шарти русҳо ба муҳоҷирони зиндонӣ

Мақомоти Русия садҳо зиндонии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистонро маҷбур...