26.9 C
Dushanbe

Шикасти тахти золим бо дастони мазлум

Ҳоло ҳам дер нашудааст, то пеши ин золим гирифта шавад ва Миллату Ватани азиз ба иззату шаҳомате, ки ба он шоиста аст, бирасад.

Худованд инсонро фитратан озод офаридааст ва роҳашро худаш интихоб намуда, ба амалкардаҳояш тибқи қонуни осмонӣ ва заминӣ, худаш ҷавобгар аст. Локин нафарони худхоҳ, ки аз ҳадди хеш гузашта, ҳуқуқи дигаронро поймол намудаанд, барои ҳимояашон қонунҳоеро эҷод менамоянд, то назди касе ҷавобгар набошанд.

Раҳмонов ҳам аз зумраи золимонест, ки барои худ ва оилааш қонунеро ба имзо расонидааст, то ин ки мақоми дахлнопазирӣ дошта бошад. Суоле матраҳ мешавад, ки чӣ сабаб шудааст, ки ”пешво” на аз Худо тарс дорад на аз бандаи Худо? Ҷавоби ин суолро ҳар нафар аз худ бипурсад, ки ман кистам ва дар ин росто чӣ масулияте дорам?

Барои одамоне, ки бо зарурати ҷавоб додан ба саволҳои «ман кистам?» ва «ҷои ман куҷост?» дучор меоянд, дин ҷавобҳои ҷолиб медиҳад. (Бархӯрди тамадунҳо. с.153. С.Хантингтон).

Ин тавр бошад, ба суроғи Қуръон, ки  китоби роҳнамоӣ башарият аст, меравем. “Ва ёд  кун он замонеро, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: ”Ҳамоно Ман дар замин насли инсонро меофарам,ки баъзе  ҷонишини  баъзеи дигар мешаванд,(то заминро бар асоси итоати Худо обод кунанд).”(тафсири ояти 30, сураи Бақара)

“Ва яқинан Мо насли Одамро (бо додани ақл ва дигар лутфу эҳсонҳои Хеш) гиромӣ сохтем ва онҳоро бар бештари он чи офаридаем, бартарии бузург бахшидем. (тафсири ояти 70, сураи Исро).

Чуноне мебинем, ҳам дар қонуни ватанӣ ва ҳам дар қонуни илоҳӣ инсон соҳибихтиёр буда, мақоми хосеро соҳиб мебошад ва ин каромате, ки Офаридгор ба инсон ато намудааст, бояд аз тарафи ҳар нафар ҳифз карда шавад, то золиме ин неъмати боарзишро ба нестӣ нарасонад. Мутасифона, ин каромату шарофати мардум аз таҷовузҳои  Раҳмонов қариб, ки ба нобудӣ расида аст.

”Инсон озод офарида шудааст, аммо ҳамеша дар занҷире гирифтор аст, ки худаш онро бофтааст”. (Ж.Ж.Руссо). Аз ин ҷо бармеояд, ки инсон ба ҳар он мушкилие афтодааст, аз ҳосили дасти хеш буда ва берун шудан аз он ҳам ба худи ӯ вобастагӣ дорад ва кофист ҳақашро донад ва аз худ дифоъ кунад ва аз чораҳои мавҷуда истифода намуда, то дар ҳали мушкилоташ ноумед нашуда, муборизаро давом диҳад.

Ҳодисаҳои сарҳадӣ бори дигар исбот намуд, ки барои ин ба ном “Пешво”-и золим ғайр аз худ ва оилааш ҷони ягон сокини Ватан арзише надорад. Худатон қазоват кунед, ҳукумати Қирғизистон 150 ҳазор шаҳрвандони назди сарҳадиашро ба маконҳои амн кӯчонида, барояшон макон ва таом ҳозир карда, баҳри фавтидагон рӯзи хосеро мотами миллӣ эълон менамояд.

Пешвои чоплусон бошад, мардуми осоиштаи бетаҷрибаро бо лофи “ватандорӣ ва ҳифзи Ватан” ба ҷанг пеш намуда, ба куштан медиҳад ва баъд аз маргашон одитарин вазифаи инсониро, ки таслият мебошад, ба забон наоварда, марги кӯдакон ва модарону ҷавонмардони Ватанро бо хандаи таҳқиромези Ятимови хоин чунин хулосагирӣ менамояд: ”маргу ғам ва дарди шумо ватандорон, хурсандии ману оилаи ман ва вазирони чоплуси ман аст”.

Ҳамватани гиромӣ, эҳсоси иззат кардани қирғизҳо аз ҷасорату амалкардаҳояшон мебошад. Онҳо дар сӣ сол  президенҳои нолоиқашонро пайи ҳам иваз карда, қадру озодиашонро ҳифз намуданд ва имрӯз ин эҳтиромро аз тарафи ҳокимонашон ба даст оварданд, яъне бо роҳи мубориза ҳаққашонро талаб карда, золимонро сабукдӯш кардаанд.

Мутасифона, мо ба сафсатаи ин золим, ки мудом “солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накунед ва шукронаи тинҷӣ намоед” мегӯяд, бовар карда, ҳам аз нон мондаем ва ҳам аз ҷон ва қариб аст, ки каромати худодадаро ҳам аз даст диҳем. Ҳоло ҳам дер нашудааст, то пеши ин золим гирифта шавад ва Миллату Ватани азиз ба иззату шаҳомате, ки ба он шоиста аст, бирасад.

Фақат аз таҷрибаҳои гузашта ва фурсатҳои мавҷуда ба пуррагӣ истифода намуда, ба ҳукумати оилавӣ хотима додан лозим аст. Чуноне матафаккири аввалҳои асри 20-и мелодӣ Абдураҳмон Кавокибӣ гуфтааст: “Шахси худкома агар дар пеши худ монеи оҳанин набинад, ҳамаи марзҳоро мегузарад. Агар золим дар паҳлӯи шахси мазлум шамшер бинад, ба зулм иқдом намекунад . Чуноне ки мегӯянд: Омодагӣ барои ҷанг монеи ҷанг мегардад”. (Табиатҳои яккатозӣ А.Кавокибӣ.с.21).

Салмон  Саидзода

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хуршед Фозилов барои 7 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Хуршед Фозиловро барои 7 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти Русия шаҳрвандони тоҷикро бо ваъдаи пул ба ҷанг даъват мекунанд

Муҳоҷирони кории тоҷики муқими Русия мегӯянд, мақомоти ин кишвар бо роҳҳои гуногун барои онҳо даъватнома фиристода, бо ваъдаҳои зиёди пулӣ онҳоро барои ҷанг ба Украина ҷалб мекунанд.

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.