24.9 C
Dushanbe

Шикояти мавлавӣ Абдулҳамид

Мавлавӣ Абдулҳамид, раҳбари аҳлисуннати Эрон аз масдуд шудани сомонаҳои марбут ба аҳли суннат дар ин кишвар шикоят кардааст.

Мавлавӣ Абдуҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми масҷиди Маккӣ дар Зоҳидони Эрон ва раҳбари аҳли суннат дар ин кишвар дар охирин хутбаи намози ҷумъаи худ гуфтааст, ки ҳеч гоҳ расонаҳои эронӣ “забони аҳли суннат нашуданд.”

Дар он наворе, ки аз суханронии ӯ ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, ин рӯҳонии саршинос мегӯяд, “гилоя дорем аз расонаҳои дарунӣ ва аз телевизиони худамон ва аз расонаҳои худамон сахт гилоя дорем, ки ҳеч вақте матолиби моро дуруст нақл накарданд ва забони аҳли суннат нашуданд.”

Раҳбари аҳли суннати Эрон, ки дар ҳузури ҳазорҳо намозгузор суҳбат мекард, бо таъкид меафзояд, “хеле камтар дар маросими мо ва хеле камтар дар масоили мо ин расонаҳо ҳузур доштанд. Суҳбатҳои моро, суҳбатҳои андешамандони аҳли суннатро нақл накарданд.”

Мавлавӣ Абдулҳамид дар робита ба “манъ” шудани нашри афкор ва дидгоҳҳояш мегӯяд, ки “хусусан расонаҳо наметавонанд суҳбатҳои мо, ки аз хеле муддатест расонаҳо наметавонанд, бизананд.”

Ба гафтаи имоми масҷиди Маккӣ дар Зоҳидони Эрон мақомоти эронӣ “дар ҳамон аввал сето сайти моро филтер карданд ва забоне надоранд, аҳли суннат, ки масоилашонро матраҳ кунанд.”

Гуфта мешавад, мавлави Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, имоми масҷиди Маккӣ дар қалби Зоҳидони Эрон аст. Вай мудири мадрасаи олии Дор-ул-улуми Зоҳидон, узви Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон, узви маҷмаи ҷаҳонии фиқҳи исломӣ, мудири Шӯрои ҳамоҳангии мадориси аҳли суннати устони Сиистон ва Балучистон ва аз пурнуфузтарин шахсиятҳои аҳли суннати Эрон шинохта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.