28.9 C
Dushanbe

Шикояти тоҷикони Иркутск аз набудани намаку шакар дар мағозаҳо

Дар аксар мағозаҳои хуроквории бузурги шаҳрҳои Русия шакару намак ёфт намешавад. Агар пайдо ҳам шавад, хеле гарон аст.

Акс аз навори фиристодаи корбарон гирифта шудааст

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Иркутски Русия дар тамос бо Аздо тв гуфтанд, дар мағозаҳо орду шакар ва ҳатто намак камёфт шудааст. Агар пайдо ҳам шавад, хеле гарон аст. Ба гуфтаи онҳо, орду шакар, ба мағозаҳо дер мерасад ва расидан баробар тамом мешавад.

Тавре корбарон мегӯянд, нархи як кг шакар дар мағозаҳои шаҳри Иркутск аз 34 рубл то ба 100 рубл расида, як кг намак аз 7 ба 22 рубл ва як халта орд аз 1200 рубл ба 1750 рубл расидааст.

Ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ҳатто ҳолате пеш омад, ки барои хӯроки субҳона аз мағозаҳо на намак пайдо карданд ва на шакар. “Бе намак хӯрокро хӯрдан хеле душвор будааст, ба ин ҳолат расиданро мо умуман тасаввур намекардем”, мегӯяд як ҳамсуҳбати Аздо тв.  

Аз наворҳои фиристодаи корбарон ба Аздо тв дида мешавад, ки дар рафҳои махсуси шакару нону намаки мағозаҳо ба ҷуз нархи навишташуда дигар чизе нест.

Аксари муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, аз пеш омадани чунин вазъият нигарони ҳоли худ ва пайвандонашон ҳастанд ва мепурсанд, ки чунин вазъ чӣ қадар идома мекунад ва аксари онҳо дар тарси аз даст додани ҷойҳои корияшон ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҳамлаи Русия ба Украина Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар баробари Русия мавзеъи сахттаре гирифтанд ва барои таваққуфи ҷанг алаҳи ин кишвар таҳримҳои шидиде ҷорӣ карданд. Ва ҳамчунин ширкатҳои бузурги иқтисодӣ низ бозорҳои Русияро тарк карданд, ки дар натиҷа ҳазорҳо нафар ҷои кори худро аз даст дод. Ва аз рӯзҳои аввали ҷорӣ шудани таҳримҳо гароншавӣ ва ё камёфт шудани баъзе маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои Русия эҳсос мешуд. Иқтисодшиносон бар ин назаранд, ки таъсири таҳримҳо пас аз гузашти 3-4 моҳ бештар эҳсос хоҳад шуд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.