Бархе муҳоҷирони тоҷики муқими Олмон аз он шикоят доранд, ки арзиши фиристодани бору коло ба Тоҷикистон гарон шудааст.
Як муҳоҷири тоҷик, ки номаш зикр намешавад, дар Олмон кору зиндагӣ мекунад, аз гароншавии нархи интиқоли бору коло ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ навишта, ки муҳоҷирон бо машаққат кор мекунанд ва кӯшиш доранд ба оилаҳои худ дар ватан кумак кунанд, аммо арзиши фиристодани бор ба таври ғайримунтазир гарон шудааст.
Ӯ мегӯяд “Мо дар Олмон бо азобу машаққат кор мекунем ва кӯшиш дорем, ки каме ҳам бошад ба оилаҳои худ дар Ватан кӯмак расонем. Аммо дар ин охирҳо нархҳои фиристодани бор хеле гарон шудаанд. Барои 1 килограмм — 10 евро. Чаро ин қадар гарон?“
Ин муҳоҷир таъкид мекунад, ки қаблан фиристодани 1 килограмм бор ҳамагӣ 3–4 евро арзиш дошт ва ин нарх барои аксари муҳоҷирон қобили қабул буд. Ҳоло бошад, қимат ба 10 евро барои 1 килограмм расидааст, ки ба гуфтаи ӯ, барои бисёриҳо “ғайриинсофона ва вазнин” мебошад.
Бояд зикр кард, ки бисёре аз муҳоҷирон бору коло ва ё ҳадияҳои худро барои наздиконашон бештар ба воситаи муҳоҷирон, тоҷирон ё шахсони алоҳидае мефиристанд, ки зуд-зуд ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Онҳо камтар аз хидматрасонии ширкатҳои бузурги интиқоли бор истифода мебаранд
Ин шикоят дар ҳолест, ки арзиши интиқоли бор тавассути ширкатҳои бузурги расмии логистикӣ аз Олмон ба Тоҷикимтон арзонтар аст. Қимати интиқоли бор бо ин ширкатҳо барои як килло 7,5 евро муқарар шудааст .
Муҳоҷир аз касоне, ки ба боркашонӣ машғул ҳастанд, даъват мекунад, ки нисбат ба мушкили муҳоҷирон бетараф набошанд ва барои интиқоли бор ба Тоҷикистон “нархи оқилона ва дастрас” муқаррар намоянд, зеро аксар муҳоҷирон барои дарёфти ризқ ва ёрӣ ба хонаводаҳои худ ба ҳар евро ниёз доранд.
