Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз режаи корӣ ва муносибати коргарони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” шикот кардаанд.
Корбарон дар шабакаи Фейсбук аз он шикоят доранд, дар аксар ҳолат ширкати “Сомон Эйр” то 20 соат парвозҳоро ба таъхир мегузорад, бидуни ин ки далиле барои мусофирон пешниҳод кунад.
Ин бори аввал нест, ки мусофирон аз тарзи фаъолияти ин ширкат шикоят мекунанд. Вале, ба гуфтаи корбарон, чун ин ширкат аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон аст, касе ба доди мусофирон намерасад ва масъулони ширкат ҳам чун дар бозор рақибе надоранд, даст ба ислоҳот намезананд.
Гуфта мешавад, ширкати “Сомон Эйр” ба додараруси Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода, ки ҳамзамон раиси “Ориёнбонк” ҳаст, тааллуқ дорад. Ин ширкат ягона ширкати қавӣ дар Тоҷикистон аст, ки бозори интиқоли ҳавоии мусофиронро пурра инҳисор кардааст. Агарчи ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” фаъолият дорад, вале фаъолияташ маҳдуд аст.
Ба назари коршиносон, ширкати “Сомон Эйр” дар бозор рақиб надорад ва иллати фаъолияти бесифат ва муносибати дағал бо мусофирон низ ҳамин аст. Зеро мусофири тоҷик интихоби дигаре надорад ва дар ҳар ҳолат маҷбур аст аз он истифода барад.