Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони шаҳри Душанбе аз суҳбатҳои телефонии ронандагони “Ҷӯра таксӣ” ҳангоми ҳаракат, дашномдиҳӣ дар ҳузури мусофирон, худдорӣ аз рафтан ба баъзе маҳаллаҳои пойтахт ва интихоби масири дарозтар шикоят мекунанд.

Чанд сокини пойтахт дар суҳбат бо Azda.tv гуфтанд, ки ҳангоми истифода аз ин таксиҳо борҳо бо муносибати дағалонаи бархе ронандагон рӯ ба рӯ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, баъзе ронандагон дар посух ба эроди мусофирон барои суҳбатҳои телефонӣ ва дашномдиҳӣ мегӯянд, ки “Нахоҳӣ, нарав!” ё таҳдид мекунанд, ки онҳоро дар нимароҳ мефароранд.

Сабаби дигари норозигии сокинон худдории баъзе ронандагон аз рафтан ба маҳаллаҳои алоҳидаи пойтахт аст. Ба гуфтаи мусофирон, бархе ронандагон пеш аз сафар маҳалли рафтанро пурсида, аз бурдани мусофир ба баъзе минтақаҳо худдорӣ мекунанд ё мусифоронро дар нимароҳ мефароранд. Баҳонаи ронандагон корҳои сохтмонӣ ва душвории роҳҳо мебошад. Сокинон ҳам тасдиқ мекунанд, ки ҳоло дар бисёре аз гӯшаҳои Душанбе корҳои сохтмонӣ идома дорад, вале чунин рад кардани дархостҳо рафтуомади онҳоро мушкил мекунад.

Худдории ронандагон аз рафтан ба баъзе маҳаллаҳои пойтахт дар ҳолест, ки Вазири нақлиёт Азим Иброҳим пештар гуфта буд, тибқи тартиби платформаи “Ҷӯра такси”, ронанда пас аз чор бор рад кардани дархост аз кор ронда мешавад. Аммо маълум нест, ин тартиб дар ҳолатҳои мавриди шикояти сокинон чӣ гуна татбиқ шудааст.

Мусоҳибони Azda.tv ҳамчунин аз интихоби масирҳо норозигӣ намуда, мегӯянд, баъзан ронандагон ҳатто дар масирҳои шинос роҳи дарозтарро интихоб мекунанд ва нархи роҳ гаронтар мешавад, ҳарчанд, ба назари онҳо, имкони аз роҳи кӯтоҳтар рафтан вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи сокинон, қаблан, вақте дар Душанбе чанд ширкати таксӣ фаъол буд, бисёре аз ронандагон бо мусофирон хушмуомилатар буданд ва онҳоро ба нишонии дархостшуда мебурданд. Агар мушкиле пеш меомад, мусофир метавонист аз хидмати ширкати дигар истифода кунад. Ҳоло, ба гуфтаи мусоҳибон, чунин имкони интихоб қариб аз байн рафтааст ва бад шудани сифати хидматрасонӣ ҳам ба коҳиши рақобат рабт дорад. Ба назари онҳо, бархе ронандагон медонанд, ки пайдо кардани ҷойгузин барои мусофир осон нест ва аз ин рӯ ба худ иҷозаи дағалгуфторӣ медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинон таъкид мекунанд, ки шикояташон ба ҳамаи ронандагони “Ҷӯра такси” дахл надорад ва дар миёни ронандагон афроди хушмуомила ва масъулиятшинос низ ҳастанд.

Мавқеи ширкати “Ҷӯра такси” дар бораи ҳолатҳои баёншуда дастрас нест.

Қаблан сокинони Хуҷанд низ аз гаронии роҳкиро, дер омадани таксиҳои “Ҷӯра”, коҳиши сифати хидматрасонӣ ва маҳдуд шудани интихоби ширкатҳои таксӣ ба Azda.tv шикоят карда буданд.

Ин шикоятҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки қаблан расонаҳо аз амалан инҳисорӣ шудани бозори фармоиши онлайни таксӣ дар Душанбе хабар дода буданд. Бояд гуфт, пас аз тағйироте, ки шаҳрдории Душанбе дар соҳаи таксиронӣ ҷорӣ кард, бозор дар ихтиёри чор ширкат — “Эко-таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” қарор гирифт, ки зери платформаи умумии “Ҷӯра” фаъолият мекунанд.

Дар баробари мусофирон, ронандагон низ аз шароити кор дар ин соҳа борҳо норозигӣ карда, аз пардохти ҳатмии рӯзонаи 100 сомонӣ шикоят доштанд, ки новобаста аз ба кор баромадан ё даромад доштанашон ситонда мешуд.

Пас аз шикоятҳои зиёди ронандагон дафтари матбуоти шаҳрдорӣ рӯзи 10-уми июл хабар дода буд, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хостори баррасии аз байн бурдани ин пардохт ва пешниҳоди роҳҳои нави танзими он шудааст.

Бояд гуфт, моликони ширкати “Ҷӯра-таксӣ” ба матбуот ва ҷомеа маълум нест. Ва аввали соли ҷорӣ зимни нишастҳои матбуотӣ вақте аз вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар бораи мушкилоти таксиҳо ва инҳисори ширкати “Ҷӯра-таксӣ” пурсида шуд, гуфт, ки наметавонад ба ин мушкилӣ ва дигар мушкилоти мусофирон ва ронандагони таксӣ дар ин самт дахолат кунад.

Баъди изҳори назари вазири налиёт дар бораи оҷизии ниҳоди зери идорааш аз дахолат ва танзим кардани таксиҳо, аксари таҳлилгарон мегуфтанд, ки ин ширкати махсуси фарзандон ва наздикони расиҷумҳур ва ё яке аз мақомдорони баландпоя аст. Чун имкон надорад, ки шахсе дар Тоҷикистон ба ин оила наздик набошад ва боз битавонад бозори таксиро пурра дар тамоми кишвар инҳисор кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.

Тоҷикистон барои дарёфти то 1,8 миллиард доллар бояд ислоҳот гузаронад

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ метавонад дар солҳои 2026–2032 барои Тоҷикистон то 1,8 миллиард доллар маблағ ҷалб кунад.