13.9 C
Dushanbe

Ширкати “Барқи тоҷик” аз мардуми Тоҷикистон узр хост, узраш қабул аст?

Ин узр, мебоист узри Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон мебуд. Пешвои миллат мебоист дар як суханронии махсус иллати ҳудуди ду моҳ ва он ҳам дар шурӯъи фасли сармо ба мардум тариқи режим додани нерӯи барқро шарҳу тавзеҳ мекард. Ва мегуфт, ки дар интихобот ба ман барои Роғун овоз додед, шуморо ин бор ҳам ноумед кардам.

Раҳмон дар маросими таҳлиф ё қасамёдкуниаш ба унвони президенти нав дар 30 октябр бо такаббур ва тафохур гуфт, ки “маро барои Роғун интихоб карданд”.

Инҷо дар бораи барои чи интихоб карданд ва ё инки дар ҳақиқат интихобаш карданд, интихоботе, ки интихобот бошад буд ва ё аслан интихобе буд ё не, чизе намегӯем. Зеро худи Эмомалӣ Раҳмон беҳтар аз ҳар кас ва ҳама ба шумули интихобкунанда ва нозирону мушоҳидони интихоботӣ медонад, ки ӯро интихоб накардаанд. Аммо бигзарем аз ин ҳама. Масъала ин аст, ки бо гузашти ҳудудан се даҳа аз замони раёсати Эмомалӣ Раҳмон чаро норасоӣ ва танқисии нерӯи барқ аз байн намеравад?

Раҳмон моҳи январи соли 2017 бо сароҳат ва қотеъият гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ нахоҳад шуд ва лимит ба афсона табдил мешавад. Аммо аз ҳамон соли 2017 ба ин сӯ, ки 4 сол мешавад Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” медонаду қиссаву афсонабофӣ барои рост кардани ин дурӯғи шохдори Эмомалӣ Раҳмон:

“лимит ҷорӣ нашудааст, “корҳои профилактикӣ”, тармиму навсозӣ дар хатҳои барқрасон ва зеристгоҳҳову трансфораматорҳо”.

Дар як сол ҳам дар аввали баҳор ва ҳам дар авохири поизу ибтидои сармо ин ҳарфҳоро такрор мекунад. Шояд ӯ аз ҳама бештар мавриди душному ҳақорат бошад, ки дар асл сазовораш нест.

Аммо чи кунад, ки соли ҷорӣ ҳам айни ҳамин гапҳоро гуфт. Вале худ аз худ саволе пеш меояд, ки ин тармиму таъмиру навсозии арсаи барқу барқрасонии кишвар кай ба поён мерасад? Ва ин муҳандисону кормандону устоҳои барқчии тоҷик магар ҷонашон аз оҳану фӯлод буда, ки ҳудуди ду моҳ аст аз тармиму навсозӣ халос намешаванд?

Ҳатто дар шифт-бастаи шабона ҳам, шурӯъ аз 10-и шаб то 5-и субҳ банди марамматанд? Шаб, ки нерӯи барқ нест ва хеле ҳам сард аст онҳо чӣ гуна болту гайка тоб медода бошанд? Шояд “движок” кор мефармоянд. Аммо садои “движок”-и онҳоро, чуноне хабар доданд, касе дар ҳеҷ гӯшае аз қаламрави мамлакат нашунидааст.

Бале, ин ҳама гапу кору ҳарфу сӯҳбатҳо як дурӯғи бузурге аст. Ин дурӯғро ҳамакаса мегӯянд. Шурӯъ аз Раҳмон ва инак Усмон Усмонов, муовини сарвазир ва то худи Нозирчон Ёдгорӣ, ки гуфтем чи вазифа дорад. Дар бораи дурӯғи Усмон Усмонов, ки мегуфт, оби ҳавзи Норак кам шудааст ва дигар ҳам ин ки “аҳолӣ зиёд шудааст”, чи бигӯем? Наход аҳолии Тоҷикистон ин қадар зиёд шудааст, ки ҳукумат наметавонад таъмин кунад?

Хуб, бошад гапи шумо. Вале агар аҳолӣ зиёд шуд, бояд барояш нерӯи барқ дода нашавад? Мо, ки Сангтӯда-1, Сангтӯда -2 Марказҳои барқу гармидиҳӣ ва ниҳоят ду агрегати Роғунро ба истифода додем ку? ВМКБ дигар худаш барои худаш нерӯи барқ дорад. Ин далели пешовардаи шумо тамоман қобили қабул буда наметавонад. Бар замми ин ҳама ТАЛКО, ки дар 24 соат 21 млн.кв.соат масраф мекард, ҳоло то 6 млн пойин омадааст.

Соли гузашта ҳеҷ баҳона барои “оправдат” кардан пайдо накарданд, танқисии нерӯи барқро рӯирост болои мардум карданд: “мардум то қарзи масрафи нерӯи барқро надиҳад, барқро тибқи салоҳдиди мо мегирад. Об ҳаст, хатҳои барқ саҳеҳу солим, трансформаторҳо кор мекунад, аммо аҳолӣ қарздор аст ва то аҳолӣ пули барқро насупорад, интиқоли нерӯи барқ ҳамин тавр аз рӯи реҷа ва соат дода хоҳад шуд”.

Яъне гуфтанд, ки аз бесветӣ муред ҳам то пули нерӯи барқро надиҳед, ба шумо барқ дода намешавад. Дуруст аст, ки як қисм аз аҳолӣ қарздор аст. Аммо ин кадом аҳолӣ аст? Яке аз ин “аҳолиҳо” совхози Чаппавеи Колхозободи пешина Сарбанди имрӯза аст, ки гуфта мешавад бародарони Азизамо, ледии №1-и Тоҷикистон, ҳамсари Пешвои муаззами миллат будааст, ки қарзи онҳо миллионҳо миллион сомонӣ бештар аст ва ба гуфтаи ин манбаъ ҳоло касе ҷуръат намекунад, ки онҳоро бисупор гӯяд.

Як навбат кадом нозири барқ барои маблағи барқ рафта зери мушту лагади Раҳматуллои Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби мутлақи Чапаев мондааст. Ва инки чанд рӯзи пеш ширкати “Барқи тоҷик” доду вовайло мекард,ки корхонаҳои оҳангудозӣ ва шағалу қумбарорӣ бояд қатъ карда шаванд ҳам маҳз ба ҳаминҳо мутааллиқ аст. Мусалламан халқи одӣ аз ин қабил корхонаҳо надорад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, ҳамин чанд рӯзи пеш ҳам гуфт пандемияи коронавирус роҳҳоро масдуд кард ва қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти лозим барои таъмиру тармим саривақт расонида нашуд, корҳои профилактӣ ва кашол ёфт. Ин як дурӯғи навбатӣ аст ки пушти дурӯғҳои дигар саф зад. Ба миллиард доллар сангҳои қимматбаҳоро,тиллову нуқраро, лоҷуварду ёқутро фурӯхтаву берун бароварда тавонистед,шуд.

Аммо барои воридоти таҷҳизот роҳ масдуд будааст. Мутмаинан дар ҳамин ҳолу аҳволи мо ҳеҷ кишваре роҳро масдуд намекард, Балки 100% бовар дорам ҳарчи зудтар гузаронида медоданд. Вале аз тарафи дигар, чаро ниҳодҳои масъул пештар чора наҷустанд. Шистанд,Шистанд зимистонро оварданду баъд дар суроғи таҷҳизот шуданд? Чаро?

Асли гап ин аст ки дар тобистон барои кишвари ҳамсоя об барои кишту полез ва обанборҳои маснӯии онҳо бештар аз андоза фурӯхта шуд. Ва, дар ин васат вазорати энергетика, вазорати об ва Оҷонсии обуҳавошиносӣ  ҷуръат накарданд ба “Боло” бирасонанд, ки захоири об барои худи кишвар танқисӣ пеш меоварад. Чун ин бизнес бизнеси бизнесмени №1-и Тоҷикистон аст.

Гумон карданд мисли солҳои пешин хоҳад шуд.Аммо имсол барфу борон худогир шуд. Вале ҳамаи ин сабабу далоил,ки чирту пирт ва парту палое беш нест, ҳуқуқ намедиҳад,ки кишвар ва мардум тамоми ин ҳама муддати ҳукумати наздик ба се даҳаи як нафар о торикиву сардӣ рӯз пеш барад. Бояд касе ҷавоб пас бидиҳад.

Шояд ҳам ба кордароии Маркази барқу гармидиҳӣ Душанбе -2 дар чанд рӯзи пеш ба сарвақти масъулони соҳа расид. Вагарна оби ҳавзи Норак дар ин фасли сармо аз куҷо пур шуд,баракс бояд, ки пойинтар ва холитар шуда бошад. Ва, ё шоядам аслан ҳамин “камобшаваии обанбори Норак” ҳам як дурӯғи дигар буд?

Беҳтар ва дурусттар ин аст, ки ба корношоямӣ, ноуҳдабароӣ ва нотавониатон узр бипурсед. Чун мушкил, мушкили мудирияти шумост. Агар заррае аз ин мушкил бар уҳдаи мардум буд, ҳоло ҳашар карда ҳал мекарданд. Дар одитарин ҳолати изтирорӣ, ки пеш ояд кадом муқовимат, кадом ҷилавгирӣ карда наметавонед. Ҳамчуноне бо пандемияи коронавирус кардед. Ба назар мерасад, ки ҳама кору ҳама чизи ҳукумат “самотёк” аст.

Инки ҳукумат битавонад ҷилавгирӣ кунад, инки ҳукумат битавонад бартараф созадро мардум намебинад. Барои мардум, барои истеъмолкунанда баҳона роҳи ҳалли масъала нест. Ин корҳоро ҳукумат бояд ба иҷро расонад, ин мавонеъе аст, ки бартараф кардани он кори ҳукумат аст.

Мақоли мардумии “узри бадтар аз гуноҳ”-ро тафсир чунин аст, ки нафар(оне,ки маъзарат хост) дақиқан медонад, ки гуноҳ содир карда истодааст, зарар мерасонад, набоядам ин корро мекард, авоқиби кори гуноҳашро қабл аз содир кардан медонист, вале хеле ҳам берӯю риё, беҳаёёна, бераҳмона, беинсофона кори гуноҳро кард. Барои ҳамин узри ӯро узри бадтар аз гуноҳ гуфтанд.

Ҳоло ин узр он вақт қабул мешуд, ки аз аввал мегуфтанд, ки авзоъ чунин аст, ҳавзи оби Норакро намешавад бо ҳашар, масалан бо сатилу кӯзаву аробаву мошини обкаш(водовоз)-у оташнишонӣ (пожарник) пур кард. Агар ҳудуди 20 миллион доллар саҳмияҳои харидаамонро ҳам бурда ба он ҳавз андозем ҳам об боло намебарояд, магар инки соҳиби табиат, соҳиби пиряхҳо, соҳиби абру борону барф худаш ба сарвақтамон нарасад.

Манзурам ин аст, ки Раҳмон ва масъулони обу энергетикаи ӯ аз қабл ба мардум воқеиятро мегуфтанд, рости гапро мегуфтанд, в-онгаҳ имрӯз узри онҳо қабул буд, вале ҳоло баъид аст, ки қабул бишавад.

Ба ҳар сурат 9.12.2020 охирин рӯзи бесветӣ эълон шуд. Ку, бубинем, ки ин рӯз охирин хоҳад буд ва ё дар баҳору поизи соли 2021 боз ҳам афсонашунавӣ хоҳем кард.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.