Шоҳиён Иргашев ва ҳамроҳонашро “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ” номид

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пеш аз ҳукми ниҳоии додгоҳ “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷинотӣ” номид.

Имрӯз, 14-уми июли соли 2022 зимни нишасти хабарӣ Шермуҳаммад Шоҳиён раиси Суди Олии Тоҷикистон дар посух ба суоли рӯзноманигорон Улфатхоним Мамадшоева ва Фаромӯз Иргашевро “саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ” номида, гуфт, ки тафтишот идома дорад ва парванда ба додгоҳ нарасидааст.

Як рӯзноманигор дар ин нишасти хабарӣ аз Шоҳиён пурсид, ки парвандаи рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева, генерал Холбаш Холбашев ва адвокатҳо Фаромӯз Иргашев ва Манучеҳр Холиқназаровро, ки дар пайи ҳодисаҳои ахири Бадахшон боздошт шудаанд, оё ба додгоҳ расидааст ва онҳо ба кадом моддаҳо гумонбар мешаванд? Дар посух Шоҳиён гуфт, ки онҳо “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ”-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, то ҳол тафтишот идома дорад ва парванда ба мақомоти судӣ ворид нагардидааст.

Шоҳиён дар ҳоле аз ин нафарон “саркардаҳои гурӯҳи ҷиноятӣ” ном мебарад, ки то ҳол ҳукми додгоҳ нисбати ин ашхос содир нашуда, тафтишот ҳам ба анҷом нарасидааст.

Дар идома Шермуҳаммад Шоҳиён мегӯяд, ки судҳои ВМКБ якчанд парвандаҳои маъмурӣ нисбати шаҳрвандоне, ки майдавбошӣ содир кардаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, тибқи талаботи қонун нисбати онҳо ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ гардидааст.

Инчунин Шоҳиён зикр кард, ки тафтишоти парвандаҳои нафароне, ки дар ҳодисаҳои охири Бадахшон иштирок карда, на онқадар ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, ба мақомоти судӣ ворид шуда истодаанд ва дар нишастҳои матбуотии оянда дар бораи онҳо маълумот хоҳад дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.