20.9 C
Dushanbe

Шумори фарзандони муҳоҷирон дар Русия беш аз 600 ҳазор аст

Дар Русия 638 174 фарзанди муҳоҷирон ба қайд гирифта шудааанд, ки ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохилии Русия Игор Зубов, нисфи онҳо аз низоми маориф берун мондаанд. Ин суханҳоро ӯ ҳангоми ҷавоб ба суолҳои вакилон дар Думаи давлатӣ баён доштааст.

Ба гуфтаи Зубов, торафт теъдоди кӯдакони муҳоҷир дар Русия кам мешавад ва таъкид мекунад, он оморе ки аксарияти фарзандони муҳоҷирон таҳсил намекунанд, воқеият надорад.

Тибқи маълумоти ӯ, дар Маскав 80 282 кӯдакони хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо танҳо 25 000 дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Русия таҳсил доранд.

Дар ҳамин ҳол, бештари кӯдакони муҳоҷир баъди ба иҷро даромадани қоидаҳои нав аз 1-уми апрели соли 2025 ба муаасисаҳои таълимӣ дохил шуда натавонистаанд. Мувофиқи ин қоидаҳо, фарзандони муҳоҷирон баъд аз гузаштани имтиҳони забони русӣ ва дуруст посух додан ба 90% суолҳо метавонанд ба мактабҳо роҳ ёбанд.

Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин муддат 2868 дархост барои иштирок дар имтиҳон пешниҳод шудааст. Аммо танҳо 498 кӯдак (17%) иҷозаи иштирок дар имтиҳонро гирифтанд ва дар ниҳоят ба мактабҳо ҳамагӣ 4% аз ҳамаи дархосткунандагон қабул шуданд.

Мақомоти Русия сабаби роҳ наёфтани 83 дарсади дархосткунандагонро ба имтиҳонҳо ба номукаммал будани ҳуҷҷатҳо, маълумоти нодуруст дар анкетаҳо ва нарасидани ҷой дар мактабҳо рабт медиҳанд.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин аз натиҷаҳои талаботи нав истиқбол намуда, таъкид кардааст, ки ин иқдом натиҷаи хуб дод.

Инчунин имрӯз вакилон дар Думаи давлатӣ дар хониши авввал лоиҳаи нави қонунеро қабул кардаанд, ки назоратро аз болои кӯдакони муҳоҷирон, ки ба мактаб роҳ наёфтаанд, пурзӯр хоҳад кард.

Дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки низоми ягонаи мубодилаи маълумот миёни мактабҳо ва ВКД таъсис дода шавад ва муассисаҳои таълимӣ муваззаф хоҳанд шуд, ки маълумоти шахсии кӯдак ва падару модараш; натиҷаҳои имтиҳони забони русӣ; маълумот дар бораи қабул ё хориҷшавӣ аз мактаб; ва далелҳои муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар “рӯёхати шахсони зери назорат” қарор дорандро ба ВКД ирсол намоянд.

Дар навбати худ ВКД муассисаҳои таълимиро дар бораи сабти ном ва бақайдгирии кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ хабардор мекунад. Володин иддао дорад, ки ирсоли иттилоот миёни сохторҳо имкон медиҳад, ки қонуният ва мақоми ҳуқуқии будубоши кӯдак ва волидайни ӯ дар Русия таҳти назорат қарор гирад ва қарорҳои дахлдор нисбати онҳо қабул шавад.

Дар пасманзари сахт гардидани назорат аз болои фарзандони муҳоҷирон, вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев низ изҳор доштааст, ки хориҷиёне, ки дар Русия корро аз даст додаанд, аз донишгоҳ хориҷ шудаанд, дактилоскопияро нагузаштаанд, забони русиро намеомӯзанд ва барои ҷамъияти Русия суде надоранд, бояд Русияро тарк кунанд.

Сахт гардидани қоидаҳо барои кӯдакони муҳоиҷрон дар миёни коршиносон вокунишҳои гуногунеро ба вуҷуд овардааст. Бархе мегӯянд, ки ин қоидаҳо ба кам кардани бор дар мактабҳои буҷетӣ ва тақвияти назорат болои муҳҷирон мусоидат мекунад. Дигарон ҳушдор медиҳанд, ки ин қонунҳо метавонанд теъдоди кӯдакони бе назоратро бештар созанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Суқути ҳавопаймои ҳомили 242 нафар дар Ҳиндустон

Рӯзи 12-уми июни соли 2025 дар Ҳиндустон як ҳавопаймо бо 242 мусофир суқут кард

Исроил барои ҳамла ба Эрон омодагӣ мебинад

Амрико бо судури фармоне мансабдорон ва баъзе низомиёни худро ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз Ховари Миёна берун кард.

Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад

Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мехоҳад шароити роҳи оҳани кишварро беҳбуд бахшад.

Боздошти корманди ВКД бо иттиҳоми порагирӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.