35.9 C
Dushanbe

Шумори муҳоҷирон дар баъзе манотиқи Русия қариб 39% кам шудааст

Сурат: migrantnews

Шумори муҳоҷирони хориҷие, ки дар минтақаи мухтори Хантӣ-Мансиискии Русия кор мекарданд, дар соли 2020 ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ин коҳишёбии муҳоҷирон то охири соли 2020 тақрибан 30 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба охири соли 2019 қариб 39% камтар аст.

Ба иттилои ТАСС иллати коҳиши муҳоҷирони корӣ дар ин минтақаро Валерий Беспояско, директори идораи меҳнат ва шуғли аҳолии Угра ба шуюъи вируси нав рабт медиҳад.

“То 1 январи соли 2020 дар Угра 49.075 шаҳрвандон кор мекарданд. Мувофиқи маълумоти Раёсати меҳнат ва шуғли минтақаи мухтори Хантӣ-Мансииск, шумораи коргарони хориҷӣ дар Угра то охири соли 2020 тақрибан 30 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод. Иллати коҳиши теъдоди коргарони хориҷӣ ба чораҳои маҳдудкунии вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия вобаста аст, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус равона шудааст “, – мегӯяд Беспояско ба ТАСС.

Дар ин нӯҳ моҳи соли 2020, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Украина, Қирғизистон ва Озарбойҷон барои кор дар Угра ҷалб шудаанд. Ин шаҳрвандони хориҷӣ дар бахшҳои сохтмон, истихроҷи маъдан ва тиҷорат кор мекардаанд.

Гуфта мешавад, ки шуюъи вируси нав дар Угра аз 17 сентябр ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло дар минтақа реҷаи ҳатмии худинзиво барои пиронсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин то 1 январи соли 2021 тамдид карда шуда аст.

Тибқи маълумоти Ситоди фаврии минтақавӣ, то 16 ноябр дар Угра 31454 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ин минтақа дар Русия аз рӯи шумораи умумии сирояти коронавирус дар ҷои ҳаштум қарор дорад.

Имсол дар пайи шуюъи коронавирус муҳоҷирони зиёде аз Тоҷикистон натавонистанд барои кор ба Русия сафар кунанд ва қисме ҳам дар ин кишвар кори худро аз даст доданд. Баъд аз интишори каронавирус дар таоми дунё давлатҳо дарҳои худро бар рӯи ҳамдигар бастанд ва равуои муҳоҷирон душвор гашт.

Муҳоҷирони тоҷике, ки ба ҳар сурате аз Русия ба ватан баргаштанд, то вазъият муътадил нашавад, дигарбора ба он кишвар сафар карда наметавонанд. Русия ҳам баъд аз чанд моҳи қатъи парвозҳо, марзҳои худро дигарбора боз кард ва парвозҳояшро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ аз сар гирифт. Аммо бо далолили номаълум то ҳол бо Тоҷикистон парвозҳои маъмулӣ танзим нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд.