30.9 C
Dushanbe

Шӯрои Аврупо Русияро режими террористӣ эълон кард

Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо қатъномаеро барои ҳимоят аз Украина ва шинохтани Федератсияи Русия ба унвони режими террористӣ қабул кард.

Ба тарафдории қатъномаи “Афзоиши минбаъдаи таҷовузкориҳои Русия зидди Украина” 99 намояндаи Парлумони Аврупо раъйи мувофиқ дода, як намоянда раъйи бетараф додааст. Дар ин қатънома гуфта мешавад, ки “ин таҷовуз бояд ба сароҳат ба унвони як ҷиноят, ба унвони нақзи қавонини байналмиллалӣ ва ба унвони таҳдиди аслӣ барои сулҳ ва амнияти байналамиллалӣ маҳкум шавад”.

Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо ҳамчунин хостори идомаи таъмини Украина бо силоҳ шуд.

Гуфта мешавад, пеш аз овоздиҳӣ, Президенти Украина Владимир Зеленский дар нишасти Шӯро онлайнӣ суханронӣ карда, хостори пуштибонӣ аз қатънома шуда буд.

Нуқтаҳои асосии қатънома инҳоянд:

. маҳкум кардани таҷовузи Федератсияи Русия ва эътирофи он ҳамчун ҷиноят тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ;

. тасдиқи соҳибихтиёрии Украина;

. суръат бахшидан ба таъсиси трибунали махсуси байналмилалӣ барои таъқиби афроде, ки алайҳи Украина ҷиноятҳои ҷангӣ содир мекунанд;

. ташкили механизми мукаммали байналмилалии ҷуброн, аз ҷумла феҳристи байналмилалии зарар;

. таъмини Украина бо системаҳои дифоъи ҳавоӣ;

. тоза кардани созмонҳои байналмилалӣ аз ҷосусҳои Русия ва ғайра.

Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо аввалин созмони байнулмилалӣ аст, ки Русияро ҳамчун давлати террористӣ эътироф кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 марти соли ҷорӣ Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо тасмим гирифта буд, ки Русияро аз ҳайати Шӯрои Аврупо хориҷ кунад.

Инчунин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) рӯзи чоршанбе, 12 октябр бо тасвиби қатъномае ба хоки Русия ҳамроҳ кардани заминҳои Украинаро ба расмият нашинохт ва онро маҳкум кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.