Шуруъ аз фардо СААД нерӯҳояшро аз Қазоқистон мебарорад

Нерӯҳои низомии посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ шуруъ аз фардо аз Қазоқистон марҳила ба марҳила ба кишварҳои худ баргардонида мешаванд.

Акс аз сомонаи “kapital.kz”

Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни суханроние рӯзи 11-уми январ гуфт, “марҳилаи шадиди амалиёти зиддитеррористӣ гузаштааст, вазъ дар тамоми минтақаҳо мӯътадил аст”.

Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки рисолати нерӯҳои низомии СААД дар ин кишвар ба охир расидааст ва раванди хуруҷи онҳо оғоз мешавад ва раванди хуруҷ на бештар аз 10 рӯзро дар бар мегирад. Вай афзуд: “рисолати аслии нерӯҳои посдори сулҳи СААД бомуваффақият анҷом шудааст ва пас аз ду рӯз хуруҷи онҳо аз кишвар оғоз мешавад”.

Тавре хабаргузории “EADaily” иттилоъ дод, вазири дифои Русия Сергей Шойгу низ гуфта, ки тибқи қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД то рӯзи 9 январ нерӯҳои посдори сулҳи ин созмон вазъро дар Қазоқистон ба эътидол даровард ва вазифаи худро дар қаламрави Қазоқистон анҷом дод.

Ба гуфтаи Шойгу нерӯҳои посдори сулҳи СААД вазифаи худро дар Қазоқистон анҷом додаанд ва хуруҷи онҳо табиист, ки бо қарори худи раҳбарияти ин кишвар сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо дархости раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба баҳонаи саркӯби “террористон” ва ба эътидол даровардани вазъияти пешомада ба ин кишвар ҳудуди 4 ҳазор нерӯи низомӣ фиристод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.