14.9 C
Dushanbe

“Истиқлол” ва “сиёсати хирадмандона”-и Раҳмонов нисбати мухолифон

Чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бо гузашти 31 сол ҳоло ҳам дар остонаи соли 1991 қарор дорад ва  фарзияҳои баъдина аз ин бадтар хоҳад шуд.

Акс аз сомонаи “mediazona.ca”

Тоҷикистон 31 сол пеш давлати соҳибистиқлол шуд, вале мутаассифона ин соҳибистиқлолӣ имрӯз ба доираи афроди муайяне маҳдуд шудааст. Воқеияти 31-солаи истиқлоят нишон медиҳад, ки аз ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон дар 31 соли баъдина низ, агар ҳамин раванд идома ёбад, камтарин пешрафтеро интизор шудан мумкин нест. Сохтани ду бино ва мумфарш кардани роҳҳо, ин пешравӣ ҳисоб нашуда, балки талаботи замон аст ва бо ин худро набояд фирефт.

Бешак, ба ин ҳол гирифтор шудани Тоҷикистон ба якборагӣ нашудааст. Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмонов аз оғози ба сари ҳукм омаданаш то ба имрӯз сиёсати барканор кардани мухолифон ва “ҷудо карда ҳукмронӣ намо”-ро пеш гирифтааст.

Як назари сатҳие ба таърихи 31-солаи истиқлолият,  водор месозад, ки дар бораи  ояндаи кишвар дурусттар ва амиқтар андеша карда шавад. Сиёсати қотилонаи Эмомалӣ то солҳои 2000 зиёда аз ҳафтод нафар рӯзноманигорро, ки “гули сари сабад”-и ҷамъият, вале дар гулӯи “ҷаноби олӣ” чун “устухоне” буданд, аз байн бурд. Ҷои тааҷҷуб дар он аст, ки то ҳол қотилони аксари ин зиёиён маълум нашудаанд. Қатли Муродулло Шералиев, Муҳиддини Олимпур, Отахон Латифӣ ва даҳҳо нафари дигар далели ин гуфтаҳо мебошад.

Баъд аз соли 2000-ум  Эмомалӣ сиёсати дигари муборизаро пеш гирифт. Ин даъфа вай бо мухолифони худ бо зиндонӣ кардани онҳо бархӯрд намуд. Зиндонӣ кардани Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзи Искандаров, ки ду нафари аввалӣ аз ёрон ва ҳамқадамони Эмомалиянд, ҷузъи хурде аз ҷиноятҳои вайро дар ин самт равшан месозад.

Нуқтаи дигаре, ки бояд зикр шавад, ин чашм ало кардани Эмомалӣ ба ҳизбҳои сиёсии кишвар мебошад.

Тағйир додани номи ҲХТ ва бо номи ҲХДТ соҳиб шудани ин ҳизб аз ҷониби Эмомалӣ, қадами нахустине дар ин майдон буд ва ба яккатозии як ҳизб замина гузошт.  Агар зиндонӣ шудани раиси ҲДТ ва ба ду ҷиноҳ тақсим шудани ин ҳизб дуввумин қадами дастдарозии Эмомалӣ ба барканор кардани ҳизбҳои сиёсии кишвар ҳисобида шавад, аз соли 2010 сиёсати хасмонаи вай дар ин раванд хеле суръат пайдо кард. Албатта, дар саромади ин ҳизбҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор дошт, ки бо тартиб додани протоколи 33-20 он зина ба зина ва дар ниҳояти кор соли 2015 бо пуррагӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар дур карда шуд.

Ахиран, латукӯби раиси ҲСДТ Раҳматулло Зоиров ва ба зиндон андохтани ҷонишини ӯ Маҳмурод Одинаев ситораи ин ҳизб низ дар паси абрҳои сиёсати ҳизбкуши Эмомалӣ аз рӯшноӣ боз монд.

Ин ҷо ба маврид аст, ки як нигоҳе ба ҷамоатҳо ва шахсиятҳои исломию динӣ карда шавад, ки дар муддати бист соли ахир ба чӣ ҳол рӯ ба рӯ гардиданд. Дастгоҳҳои ҷазодиҳии ҳукумати Эмомалӣ дар мисоли КДАМ ва ВКД ва ёрирасон дар мисоли додситониҳову додгоҳҳо аз солҳои 2002 инҷониб бо баҳонаи аъзо будан ба Ҳизбуттаҳрир, Ҷамоати Таблиғ, Ҳаракати Салафия, Ҷамоати Ихвонулмуслимин ва Шоҳидони Яҳво ва ғайра аксари ҷавононе, ки каме ба ислом ва дин майл нишон медоданд, ба паси милаҳои зиндон кашиданд ва ё бо гирифтани маблағҳои ҳангуфт барои муддате бошад ҳам онҳоро раҳо намуданд.

Инчунин, маъракаи бадномкунии ходимони динии маҳаллӣ, ки ба рӯйхати ҳизбу ҷамоатҳои боло рост намеомаданд, ба симои ин қишри ҷомеа зарбаи сахте зад, чунон ки дар байни ҷомеа як бадбинии ноогоҳона ба ходимони дин пайдо гардид.

Дуздидани мухолифон аз ҷониби ҳукумат ва бо пуррагӣ бедарак шудани баъзе аз онҳо, як самти муборизаи дигари ин режими бесалоҳ мебошад.

Дар ниҳояти кор моҳи маи соли 2022 баъд аз эҷоди фитна дар Помир ҳукумати Эмомалӣ даст ба қатлу куштор ва боздошту зиндонӣ кардани сокинони осоишта зад. Ин ҳол ба андозае вусъат пайдо намуда, берун аз марзи Тоҷикистонро низ фаро гирифт, чунон ки одамрабоӣ дар ҳудуди Русия ва ба “биҳишти сохта”-и Эмомалӣ истирдод намудани онон то ба имрӯз давом дорад.

Нуқтаҳои зикршуда намунае аз ҳазорҳо ҷиноятҳои 31-солаи ин ҳукумат аст, ки бо рехтани хуни зиёда аз 150 ҳазор нафар оғоз ёфта ва бо солона аз Ватан берун шудани қариб садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тамом мешавад, ки ин ҳоло поёни кор нест.

Чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бо гузашти 31 сол ҳоло ҳам дар остонаи соли 1991 қарор дорад ва  фарзияҳои баъдина аз ин бадтар хоҳад шуд.

Фарзияҳоеро дар ҳолати давом ёфтани ҳукумати Эмомалӣ бо “сиёсати хирадмандона”-аш метавон чашмдор шуд, ки амалӣ шудани он нисбати мухолифонаш аз воқеият дур нест:

А)Бо кумаки “дастгоҳҳои ҷазодиҳӣ”-и худ ва албатта, бо ҳамкории “хабаркашҳои маҳаллӣ” инсонҳое, ки заррае аз ин сиёсат изҳори норизогӣ мекунанд, мавриди боздошту шиканҷа қарор медиҳад.

Б)Ё касоне, ки ба андозаи муайяне донишу фарҳанг доранд ва аз қишри ноогоҳи ҷомеа фарқ мекунанд, бо вуҷуди дар хизмати режим буданашон, зиндонӣ мекунад ва ё берун аз ватан месозад..

В)Инчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ фалаҷтар гардида, камбудии кадрҳо дар тамоми соҳаҳо назаррас мегардад.          

Г)Расонаҳои мустақили боқимонда пурра аз байн мераванд ва ё барои арзи вуҷуд кардан, аз хатти кашидаи ӯ берун намераванд.

Ғ)Танқиди ҳукумати Тоҷикистон танҳо аз ҷониби муҳоҷирон-мухолифони тоҷикистонии кишварҳои Аврупо ва Амрико садо медиҳад.

Д)Аммо дар мавриди муҳоҷирони Русия, ки асоситарин тамошобинони барномаҳои мухолифон ба шумор мераванд, ҳаминро бояд гуфт, ки дар ҳолати қонуният пайдо кардани мамнуияти Ҳизби наҳзати ислом дар ҳудуди Русия, онҳо бо камтарин далел ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд ё бо пардохти ҷаримаҳои миёншикан ҷони худро халос месозанд.

Е) Мардум то ҷон доранд бо дарёфт кардани шаҳрвандии Русия ва кишварҳои дигар аз “ҷаннати сохта”-и Эмомалӣ рӯ ба фирор меоранд.

Аз гуфтаҳои боло чунин хулосабарорӣ  кардан мумкин аст:

1) Ҳукумати Эмомалӣ ҳеҷ вақт ба салоҳ намеояд ва ҳатто омаданӣ нест;

2) Мардуми Тоҷикистон бояд аз хоби ғафлат бедор шаванд, зеро рӯз ба рӯз дер хоҳад шуд;

3) Ягон миллати дунё барои тоҷикон озодии сиёсиро ҳадя намекунад, то он замоне худи онҳо барои он кӯшиш нанамоянд;

4) То ҳизбҳои сиёсии мухолифи ҳукумат ва гурӯҳҳои фаъол сари як ҳадаф ба ҳам наоянд, аз эҳтимол дур аст, ки вазъи сиёсии Тоҷикистон тағйир ёбад.

Абдуллоҳ Мурод

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.